Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Либия нерӯҳои ҳукуматӣ барои истифода аз бамҳои хӯшаӣ муттаҳам шудаанд.

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар марказаш дар Ню-Йорк дар бораи истифода аз 3 бами хӯшаӣ дар шаҳри Мисратаи Либия хабар додааст. Ҳоло шаҳри Мисрата дар контроли нерӯҳои шӯришист. Бино ба маълумоти Human Rights Watch, нишонаҳое ба даст омадааст, ки 14-уми апрел дар маркази ин шаҳр ба маҳаллоти аҳолинишин ҳадди ақал 3 бами хӯшаӣ партоб шудааст.

ЛИБИЯ РАД МЕКУНАД

Тибқи қарордодҳои байналмиллалӣ, истифода аз бамҳои хӯшаӣ дар 100 кишвари ҷаҳон мамнӯъ эълон шудааст, зеро ин бамҳо метавонанд дар маҳаллоти аҳолинишин захмиҳо ва қурбониёни зиёд бар ҷой гузоранд. Либия дар қарордоди мазкур имзо нагузоштааст, вале исрор меварзад, ки аз чунин бамҳо истифода накардааст. Мусо Иброҳим-сухангӯи ҳукумати Либия дар посух ба изҳороти Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, ки нерӯҳои ҳукуматӣ аз чунин бамҳо истифода накардаанд. Аммо Стив Гус-мудири бахши таслиҳотии ин созмон мегӯяд, ки Либия чунин аслиҳаро ба кор бурдааст.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, вай аз гузоришҳо дар бораи истифода аз чунин аслиҳа огаҳ нест, вале ҷои тааҷҷуб нест, ки нерӯҳои сарҳанг Қаззофӣ даст ба чунин кор назадаанд. Хонум Клинтон афзуд, ин хабари нигаронкунанда аст ва яке аз сабабҳои мушкилии ҷанг дар Мисрата низ ҳамин мебошад.

МИСРАТАИ ДАР МУҲОСИРА

Мисрата севвумин шаҳри бузурги Либия ба шумор меравад ва дар давоми 50 рӯзи муҳосира ва даргириҳо хеле хароб шудааст. Рӯзи ҷумъа ба ин шаҳр 100 мушаки дигар партоб шудааст ва ҳамлаҳо рӯзи шанбе низ давом дошт. Шаби шанбе аз Мисратаи дар муҳосирамонда беш аз 1000 паноҳҷӯ бо қоиқҳо ба шаҳри Бенғозӣ омаданд. Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, бисёрии онҳо, ки бо қоиқҳои кирояи Юнон ба Бенғозӣ омадаанд, ба кӯмакҳои шадиди тиббӣ ниёз доранд. Яке аз кормандони ин созмон мегӯяд: “Мо дар 3 шароити маҳдудкунанда кор мекунем. Аввал, муҳити амниятӣ, ки ҳам барои мо ва ҳам барои паноҳҷӯён хатарнок аст. Дуввум, маҳдудияти вақт. Севвум, гуруснагиву хастагӣ, набуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, набуди ғизо ва сарпаноҳи хуб, хадамоти беҳдоштӣ, ки баъзе он аз байн рафтааст”.

Чунин маҳрумиятҳо дар Мисрата нерӯҳои НАТО-ро водор кардааст, ки ҳамлаҳои ҳавоиро афзоиш диҳад, вале нерӯҳои эътилофи байналмиллалӣ роҷеъ ба афзоиши ҳамлаҳои ҳавоӣ ваҳдати назар надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG