Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай:Талошҳои сулҳҷӯёна бо Толибон густариш меёбад


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, Кобул ва Исломобод ба тавофуқ расидаанд, ки талошҳои сулҳҷӯёнаи худ бо Толибонро тақвият бахшанд. Карзай ин нуктаро рӯзи шанбе баъд аз мулоқот бо Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон дар нишасти муштараки хабарӣ дар Кобул изҳор дошт. Карзай афзуд, акнун дар кумиссиюни сулҳи Покистон, ки ҳадафи он роҳҳои дастёбии сулҳ бо Толибон аст, нахуствазир, раиси ситоди артиш ва раиси ожонси кашфи Покистон узвият хоҳанд дошт. Карзай гуфт, ҷониби Афғонистон низ ба ҳайат афроди боломақомро ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG