Пайвандҳои дастрасӣ

Дар амалиёти Нуробод мулло Абдулло кушта шуд


Дар як амалиёти вижаи нируҳои интизомии Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар 15 ҷангии гурӯҳи саркаши Абдулло Раҳимов мулаққаб ба мулло Абдулло кушта шудаанд. Дар байни онҳо ҷасади мулло Абдулло низ шиносоӣ шудааст. Дар ин бора Тоҳир Норматов-раиси ситоди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Вай ба матбуот хабар дод, ки амалиёти вижаи ин нируҳо 15-ӯми апрел ба поён расидааст. Амалиёт дар деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод анҷом гирифт.
XS
SM
MD
LG