Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ:Ташаннуҷзой ва ё ташаннуҷзудой?


Ҳизби наҳзати исломӣ бо баргузории як ҳамоиш, барнома ва стратегияи худро баррасӣ намудааст.

Ин ҳизб мегӯяд, ки ҳоло ҳарфи ниҳоиро дар мавриди ширкат кардан ва ё накардани номзади ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013- ро назадааст.

ҲНИТ ВА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ СОЛИ 2013

Ҳарчанд ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки номзади худро ба интихоботи ояндаи президентӣ пешбарӣ нахоҳад кард.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ гуфт, ки ин ҳарф дуруст аст, вале ин мавқеъи ҳизб дар соли 2011 мебошад: «На, инҷо манёври сиёсӣ нест,
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ
ин воқеияти вазъи имрӯз аст ва мавқеи мо дар соли 2011-ум мебошад. Ҳоло мо фурсат дорем то соли 2013-ум ва аз нигоҳи имрӯз сиёсати мо ҳамин аст ва мунтаҳо ҳарфи ниҳоиро анҷумани ҳизб хоҳад зад».


Ҳоло ба қавли наҳзатиҳо дар ҷомеаи имрӯзи кишвар як навъ наҳзатбадбинӣ доман меандозад, ки ин водор мекунад бо назардошти чунин вазъ ҲНИТ танҳо ба сиёсат маҳдуд нашавад ва дар ҷабҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар низ ҳузури худ ва чеҳраи худро нишон диҳад.

Ба қавли онҳо, ин ҲНИТ, яъне ҳарифи боқудрати ҳукумат аст, ки мақомоти ҳукуматӣ ба хотири маҳдуд кардани майдонҳои сиёсии он, риши муллоҳоро қайчӣ мезананд, масҷидҳоро мебандад, ҳиҷобҳоро аз сари хонумҳо бадар мекунанд, амри маъруфҳоро ихтисор менамоянд.

АЗ ТАШАННУҶЗОЙИ БА ТАШАННУҶЗУДОӢ?

Абдуллоҳи Роҳнамо, коршиноси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо изҳори назари шахсии худ таъкид кард, ки ҳоло бо сабаби фаъолияти сирф сиёсии ҲНИТ муносибатҳои дину давлат боз ҳам сиёсӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҲНИТ-ро мебояд, ки чеҳраи худро тағйир диҳад ва аз ташаннуҷзоӣ дида бештар кӯшишҳои ташануҷзудоӣ дошта бошад: "Агар Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамеша ҳамин масъаларо дар миён гузорад, ки амалкарди
Абдуллоҳи Роҳнамо, коршиноси Маркази стротегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон
ҳукумат чӣ аст ва худро фақат ҳарифи ҳукумат намоиш диҳад ин аз як сӯ биниши маҳдуд аст ва аз сӯи дигар ташаннуҷ афзоиш меёбад. Чунки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун намояндаи муҳити динӣ қабул карда мешавад. Ва назари ҳукумат дар кулл ба муҳити динӣ сиёсӣ мешавад. Ва ҳамаи онҳое, ки риш мегузоранд ва ба масҷид мераванд ва ҳеҷ тасаввуре дар сиёсат ва дар бораи ҲНИТ надоранд ва алоқа ба ҳизб ҳам надоранд зарар мебинанд. Вақте муҳит сиёсӣ аст амали онҳо тобиши сиёсӣ мегирад ва мунтаҳо бар зарари онҳо меанҷомад.»


Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфт, ки ин ҳарфҳои коршинос Абдулоҳи Роҳнаморо қабул дорад, аммо набояд ташаннуҷзудоӣ танҳо ва фақат якҷониба сурат гирад. Ин самари дуруст намедиҳад: «Вақте, ки ташаннуҷзудоӣ танҳо якҷониба сурат мегирад баръакс таъсири манфӣ мегузорад. Ва мо мехоҳем, ки ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ дар ташаннуҷзудоӣ саҳм медоштанд ва хуб нест, ки фақат як нафар ё як гурӯҳ чунин амал мекарданд. Ба сурати умум ин фикри ҷолиб аст».

ҲНИТ ВА ҲАМКОРИИ СОЗАНДА БО ҲУКУМАТ

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки ҳоло ҲНИТ талош дорад, ки бо ҳар роҳе бо ҳукумат ҳамкории созанда дошта бошад. Ҳоло ин ҳизб саллаву ҷомаву ришро як сӯ гузошта дар як ҷомеаи дунявӣ маҳдуд ба фаъолияти маҳз ислому шариати ислом нест ва дар ҷабҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар ҳузур дорад.

Ҳамоиши 38 солагии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври мустақим аз тариқи интернет пахш мешуд ва ба сурати умум ҳизби наҳзати исломӣ бо усули ба қавли худи онҳо ҷадид, яъне микрофону минбарро ба таҳлилгарону ҷомешиносону рӯзноманигорон дода буд. Дар ин ҳамоиш ҳудуди 1000 нафар тарафдорону аъзои ҳизб ширкат дошта буданд.
XS
SM
MD
LG