Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноӣ алайҳи занони кӯдакфурӯш дар Қӯрғонтеппа, нигарониҳои мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овардааст.

Ба фурӯхтани тифли навзод водор шудани ҷавонзанони нодору фақир ва бешавҳарро ҷомеашиносон «садамаи иҷтимоӣ» меноманд, аммо боздошту равонаи зиндон гардидани чунин занонро чораи муассири ислоҳи вазъ намешуморанд.

"САДАМАИ ИҶТИМОӢ"

Рустам Вализода, муфаттиши додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, яке аз модарони ҷавони ин ду навзод бар ивази тифлаш 900 доллари амрикоӣ ва дуввумӣ 100 доллару як боронӣ (куртка)-и чармин дарёфтааст. Ба гуфтаи муфаттиш, Маҳтоббӣ Самадоваи 20-сола, ки шахси танҳо ва беҷойи кору манбаъи даромад будааст, пас аз таваллуди тифл, онро
Рустам Вализода, муфаттиши додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа
ба як хонаводаи бефарзанди озарӣ фурӯхтааст: «Сабаби аввал – шароити нигоҳубин ва тарбияи кӯдакро надоштани модар будааст. Шароити зиндагиаш вазнин будааст. Ҳамчунин мақсади асосии Самадова аз фурӯхтани тифлаш пайдо кардани маблағ барои харидории чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия ва дигар маводи лозимияш будааст. Азбаски ин зани ҷавон бешавҳар будааст, мехост ба Русия барои ба истилоҳ, мардикорӣ равад…»

ҲОДИСАИ АВВАЛ НЕСТ...

Вале Маҳтоббӣ якумин ва ягона зани ҷавон набудааст, ки аз сӯйи додситонии Қӯрғонтеппа барои фурӯши навзодаш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳамчунин кӯдакфурӯшии Роҳиламоҳ Ғоибоваи 32-сола низ ошкор шудааст. Муфаттиши додситонии Қӯрғонтеппа Рустам Вализода мегӯяд: «Роҳиламо Ғоибова 7-уми феврали соли 2011 дар хонаи истиқоматиаш духтар таваллуд карда, бо шаҳрванд Шамсия Сафарова оид ба фурӯхтани тифли навзодаш маслиҳати пешакӣ карда, ба ивази 450 сомонӣ ва як курткаи чармини занона кӯдакашро фурӯхтааст. Мо нисбат ба ҳамин ҳодиса ҳам тибқи моддаи 167, қисми 2, банди «б», яъне «хариду фурӯши ноболиғон аз ҷониби шахсон бо маслиҳати пешакӣ» парвандаи ҷиноятӣ кушодем ва ба ШКД-и Қӯрғонтеппа фиристодем…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Вализода, афроди муттаҳам то ҳол вакили мудофеъ надошта, ҳамчунин дидору мулоқоти хабарнигорон бо онҳо маҳдуд будааст.

ОЁ КӮДАКФУРӮШОН ИСЛОҲ МЕШАВАНД?


Дар сурати собит шудани гуноҳи Маҳтоббӣ ва Роҳила дар додгоҳ, онҳоро ҷазои аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ интизор хоҳад буд. Вале аксар аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки равонаи зиндон кардани заноне, ки бинобар ночориву дасткӯтаҳӣ тифли навзодашонро ба тарбияи дигарон додаанд, василаи ислоҳи онҳо нест. Ҷомеашинос Сурайёи Шуҷоат мегӯяд:
«Ба маҳбас кашидани занҳо роҳи ҳалли ин мушкил нест. Беҳтар ин аст, ки барои чунин занон ҷойҳои корӣ таъсис дода шавад. Чанд дафъа аз маҳбаси занона дидан кардаам ва ҳамчун хабарнигор бо занони зиёде ҳамсӯҳбат шудаам. Бардошт ва хулосаи ман аз сӯҳбатҳо ин аст, ки аслан маҳбас касеро тарбият ё ислоҳ карда наметавонад. Ҳатто мардҳо ҳам пас аз раҳоӣ аз зиндон мавқеъи худро дар ҷомеа дубора барқарор карда наметавонанд. Барои занҳо ҳам пас аз маҳбас дигар тарбия
Сурайёи Шуҷоат, ҷомеашиноси маҳаллӣ
кардани фарзандон як кори ғайриимкон мешавад. Бахусус, агар зан барои кӯдакфурӯшиаш ба зиндон маҳкум шуда бошад…»


ЧАРО КӮДАКФУРӮШӢ?

Хонум Шуҷоат ҳамчунин гуфт, як иллати афзоиши чунин навъи ҷиноят, ба кӯдакфурӯшӣ қасдан таҳрик додани занон аз ҷониби афрод ё гурӯҳҳои алоҳида мебошад. Яъне тифли навзод ба як манбаъ ё василаи тиҷорат табдил ёфтааст: «Баъзан мешавад, ки занон тифлони навзоди чаҳоруму панҷумашонро азбаски парасториву таъмин карда наметавонанд, ба каси дигар медиҳанд ва бар ивазаш инъому ҳадя ҳам мегиранд. Аммо пӯшида нест, ки имрӯз дар ҷомеаи мо талабот ба кӯдаки навзод ҳаст ва ба истилоҳ, «миёнарав»-ҳое ҳастанд, ки ҳатто ташвиқ мекунанд занҳоеро, ки мушкилот доранд, бесаробон ҳастанд ё бероҳагарданд, то ҳомиладор шаваду таваллуд кунад ва тифлашро фурӯхта, соҳиби сарват шавад…»

ЧОРА ЧИСТ?

Ба иддаои коршиносон, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз мавориди кӯдакфурӯшӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кории бомузд ва пуштибонии молии давлат аз модарони яккаву танҳо мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар қаламрави вилояти Хатлон тайи се моҳи ахир 3 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши инсон ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳар се маврид тифлони навзод аз роҳи ғайрирасмӣ харидуфурӯш шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG