Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти кушташудагони амалиёти Рашт маълум мешавад


Як манбаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки баъд аз ду рӯзи амалиёти зидди гуруҳҳои саркаш дар водии Рашт, ҳоло таъйини шахсияти кушташудагон идома дорад. Вай дақиқ нагуфт, ки дар миёни кушташудагон Абдулло Раҳимов мулаққаб ба Мулло Абдулло низ ҳаст ё хайр. Аммо вай таъйид кард, ки дар ҷараёни ин амалиёт тақрибан 10 нафар кушта шудаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, кормандони вазорати дохилӣ дар ин амалиёт талафоти ҷонӣ надодаанд. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст. Амалиёти мазкур рӯзи панҷшанбе дар деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод анҷом гирифт.
XS
SM
MD
LG