Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW: Қаззофӣ аз бамҳои хӯшаӣ истифода мекунад


Ҳюмен Райтс Вотч ё Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ бар зидди шӯришиён дар Либия аз бамҳои хӯшаӣ истифода мекунанд. Бино ба маълумоти ин ниҳоди ҳуқуқи башар дар Нию Йорк, дар фарози шаҳри Мисратаи Либия, муборизаҳо идома дорад, се бами дастии хӯшаӣ истифода шудааст. Маъмулан бами хӯшаӣ ҳангоми инфиҷор ба пораҳои бештар тақсим мешавад ва ба ҷони одамон хеле хатаровар аст. Ба ин далел 100 кишвари дунё онро ғайриқонунӣ эълон кардаанд. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, вай аз истифодаи чунин бамҳои хӯшаӣ дар Либия огаҳ нест, вале таъаҷҷуб намекунад, ки сарҳанг Қаззофӣ ва ҷонибдоронаш аз ин гуна бамҳо истифода мекунанд. .
XS
SM
MD
LG