Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе Рӯзи пойтахт баргузор мешавад


Имрӯз шаҳри Душанбн Рӯзи пойтахтро ҷашн мегирад. Дар робита бо он дар Душанбе дуввумин марафони байналмиллалӣ ва мусобиқаи байналмиллалии теннис баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот варзишгарон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ва аз пойтахтҳои кишварҳои ҳамсуд ширкат меварзанд. Марафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар Душанбе шурӯъ шуд ва тавассути Чаҳорбоғ, Боғи ботаникӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дар майдони Дӯстӣ ба поён расид. Барои барандагони марафон ҷоизаҳои пулӣ пешбинӣ шудааст. Ҷои аввал 3,5 ҳазор, ҷои дуввум 3 ҳазор ва ҷои севвум 2,5 ҳазор доллар ҷоиза дарёфт карданд. Ҳар сол дар Душанбе Рӯзи пойтахт шанбеи севвуми моҳи апрел баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG