Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

37 нафар донишҷӯёни донишгоҳи технологии Тоҷикистон бинобар доштани гувоҳномаи қалбакии хатми мактаб, аз идомаи таҳсил маҳрум карда шудаанд.

Ихроҷшаваии ин донишҷӯён дар пайи судури фармони вазири маорифи кишвар сурат пазируфта ҳатто онҳоеро фаро гирифтааст, ки дар рухсатии академӣ буданд ва ё бо сабабҳои мухталиф аллакай аз донишгоҳ хориҷ шудаанд.

Хуршед Тешаев, ноиби ректори донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни ихроҷшуда дар курсҳои аз 1 то 4 -ум ва аксаран дар бахши шартномавӣ таҳсил мекарданд.

Дар баробари донишҷӯёни донишгоҳи технологии Тоҷикистон, донишомӯзони муассисаҳои дигари олии кишвар низ, ки ҳамингуна бо шаҳоданомаи тақаллубӣ ба донишгоҳҳо роҳ ёфтаанд, аз таҳсил барканор шудаанд. Ошкоркунии санадҳои тақаллубӣ ба ҳангоми гузаронидани тафтиш аз ҷониби кормандони додситони кулли кишвар имконпазир шудааст ва аллакай дар мавриди бархе аз мудирони мактабҳои ҳамагонии кишвар, ки дар ин кор даст доштаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон
Ҳарчанд тибқи маълумоти ғайрирасмӣ гуфта мешавад, то кунун бештар аз ҳазор асноди қалбакии хатм муайян гардидааст, аммо Ноилшоҳ Нуралиев, cухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, тафтишот дар куллия донишгоҳҳои кишвар то ҳанӯз ҷараён дорад ва шумори дақиқи донишомӯзони ихроҷшуда феълан мушаххас нест. Ба гуфтаи Ноилшоҳ Нуралиев, дар солҳои ахир аз сӯи ин ниҳод чанд ҳодисаи истифода аз шаҳодатномаи қалбакӣ муайян шуда буд аммо гузаронидани тафтишоти густарда ва он ҳам аз сӯи додситонии кулли кишвар барои аввалин бор аст.

Ноилшоҳ Нуралиев афзуд, аксаран волидайн ба хотири он, ки фарзандашон барвақтар ба донишгоҳ дохил шавад, гувоҳиномаи сохтаро бо маблағи муайян дарёфт мекарданд. Дар ҳоле, ки ин амал ҷиноят дониста мешавад ва қонунгузории Тоҷикистон барои онҳое, ки дар ин кор мусоидат мекунанд, ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.

Талошҳои мо барои пайдо ва сӯҳбат кардан бо донишомӯзони ихроҷшуда ва волидайни онҳо бенатиҷа буд ва ҳоло ҳамаи онҳо аз сӯи кормандони додситонӣ бозпурсӣ мешаванд.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари масоили маориф ба ин масъала тавваҷӯҳ кардани ду ниҳод - ҳам вазорати омӯзишу парвариш ва низ додситониро хеле муҳим арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, агар раванди тақаллубкорӣ дар додани гувоҳиномаҳои тақаллубӣ даҳ соли дигар идома кунад, бо вуҷуди маълумоти олӣ гирифтани 50 дарсади аҳолӣ, аз миёни онҳо пайдо намудани мутахассис
Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик
ғайриимкон мешавад.

Фирӯз Саидов меафзояд, дарёфти шаҳодатномаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ хусусияти оммавӣ пайдо кардааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар тӯли бештар аз даҳ сол садҳо нафар ҷавонон бо ҳамингуна шаҳодатномаҳо мактабҳои олиро хатм карданд.

Вале ҳоло масъулини вазорати омӯзишу парвариш тасмим гирифтаанд, ба ҳангоми қабули санадаҳои довталабон ба муассисаҳои олӣ аз ҷиддият ва ҳушёрии бештар кор бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG