Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 14 зина боло шуд ва дар ҷои 134-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, 5 зина поин, ба зинаи 18-ум фуромад.

Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 35-юм (33-ум буд) Укроин. 46(58) Литва. 53 (37) Беларус. 56 (62) Гурҷистон. 62 (59) Арманистон. 74 (62) Эстония. 76 (75)Латвия. 83 (77) Узбакистон. 86 (85) Молдова. 107 (100) Озарбойҷон. 134 (148) Тоҷикистон. 139 (154) Туркманистон. 140(148) Қазоқистон. 160 (174) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Бразил дар ҷои саввум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Олмон, Аргентина, Инглистон, Уругвай, Португол, Италия ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 21-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 13-ум), Австралия (20), Кореяи Ҷанубӣ (31, Эрон (47), Чин (77), Узбакистон (83), Ироқ (91), Қатар (91), Урдун (93) ва Баҳрайн (95).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG