Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Бо омадани баҳор ҷанг дар Афғонистон шиддат хоҳад гирифт"


Бо об шудани барфҳо ва омадани баҳор, интизор меравад ҷангҳо бо шиддати комил дар Афғонистон оғоз шавад.

Дар моҳҳои оянда Толибон талош хоҳанд кард то бо бештар кардани ҳамлаҳо, роҳандозии ҳамлаҳои интиҳорӣ ва террори шахсиятҳои қавмӣ, соҳаҳои аз даст рафтаро дубора ба тасарруфи худ дароранд.

Вусъати шиддати ҷанг яқинан, ки болои тасмими Барак Обама мабни бар
ин, ки аз ҷумлаи 100 ҳазор аскари амрикоӣ чӣ теъдоди онҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд, таъсир хоҳад дошт.

Шиддати ҷанг ҳамчунон кӯмак хоҳад кард то маълум кунад оё афзоиши 30000 аскар, ки Обама дар декабри соли 2009-и мелодӣ эълон кард, дар заиф сохтан ва шикастан додани Толибон то чӣ андоза муваффақиятомез будааст.

Ба навиштаи хабаргузории Ассошиейтед Пресс, тақвият бахшидани нерӯҳо боиси гардидааст як теъдоди зиёди Толибон ба шумули фармондеҳони сатҳи миёна ва болои онҳо кушта ва дастгир шаванд, захирагоҳҳои силоҳ ва муҳимот ва паноҳгоҳҳои онҳо ба хусус дар ҷануби Афғонистон аз байн биравад.

Аммо Толибон тавре, ки борҳо нишон додаанд, ҷангро ба манотиқи дигар аз ҷумла Кобул ва шимоли Кобул кашонидаанд. Вале он чӣ, ки то ҳанӯз маълум намебошад ин аст, ки Толибон дар ҷангҳои оянда то чӣ андоза метавонанд қудратнамоӣ кунанд ва дар ҷанги тақрибан даҳсола чӣ чиз метавонад таъйинкунанда бошад.

Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА таърихи оғози хуруҷи нерӯҳоро моҳи июли соли ҷорӣ таъйин кардааст: аммо ӯ низ таъкид кардааст, ки хуруҷи нерӯҳо марбут ба авзоъ ва сатҳи хушунати Толибон мебошад. Генерал Давид Петреоус, фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ӯ барои хуруҷи нерӯҳои ба
раиси ҷумҳур пешниҳодҳои мухталиф ироа хоҳад кард ва интизор меравад, ки оғози хуруҷ нисбатан кам бошад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе дар нишасти вазирони умури хориҷии НАТО роҷеъ ба хуруҷи зудтари нерӯҳои кишварҳои узви ин созмон ҳушдор дод ва гуфт: "Толибон мунтазир ҳастанд, ки бубинанд қувваҳои эътилоф дар моҳҳои оянда чӣ мекунанд. Бинобар ҳамин мутаваҷҷеҳ буд, ки коҳиши зудҳангоми нерӯҳо, амниятро садама мерасонад."

Вазири умури хориҷии Амрико ба ҳамтоёни аврупоии худ дар иҷлоси Берлин гуфт: "роҷеъ ба суръати хуруҷи нерӯҳо бояд камтар ташвиш дошта бошем, аммо ташвиши бештар бояд ин бошад, ки чигуна метавонем мардуми Афғонистонро кӯмак намоем то пешрафтҳоеро, ки дар понздаҳ моҳи гузашта ба даст оварданд, бештар бисозанд."

Клинтон ҳимояти худро аз нақшаи Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мабни бар шарик сохтани Толибон дар қудрат иброз дошт ва гуфт: "Толибон бояд баъзе шароитро қабул кунанд ва бояд бидонанд касоне, ки шароитро намепазиранд ва хушунатро интихоб мекунанд, қимати онро хоҳанд пардохт."

Раҳим Вардак, вазири дифои Афғонистон ҳам мегӯяд: "Агар Толибон ба манотиқе, ки дар онҷо нерӯҳои амниятии афғон аст ҳамла кунанд, нишон медиҳад, ки Толибон имсол заифтар ҳастанд. Агар Толибон бештар болои ҳамлаҳои интиҳорӣ такя кунанд, маънияш ин аст, ки онҳо қавӣ намебошанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG