Пайвандҳои дастрасӣ

Мегӯянд, ҳарчанд Бадахшон сарзамини шоирхез аст, занони суханвар дар ин ҷо чун лаъл нодиру камёбанд.

Устоди донишгоҳи Хоруғ, номзади улуми филологӣ, Сардорбек Азорабеков, дар пажӯҳиши тозаи худ аз таърих ва эҷодиёти занони суханвари Бадахшон мегӯяд, ки аммо дури маъонӣ ва фарози афкору андешаи занонро рангоранг ва таъсирбахш ёфтааст.

Ба гуфтаи муаллиф, адабиёти занонаи тоҷику форс кам омӯхта шуда, пажӯҳиши вай як кӯшиши дигари пур кардани ин халои иттилоотӣ мебошад.
Сардорбек Азорабеков, муаллифи пажӯҳиш( аз тарафи чап аввал)
Вай яке аз сабабҳои дур аз таваҷҷӯҳ мондани бонувони суханварро дар он мебинад, ки теъдоди ин гуна эҷодкорон дар ҳар давру замон камтар буда, вале ашъорашон бештар аз ҳар осори дигар номаълум монда ё аз байн рафтааст.

Аз назари пажӯҳишгар адабиёти тоҷику форс дар давраи зуҳури ҳаким Носири Хусрав дар Бадахшон мавқеъ пайдо кард, аммо ташаккули ҳавзаи адаби Бадахшон ба асрҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум рост меояд, замоне ки шоирони зиёди минтақа бо истифода аз заминаи мусоид барои эҷод ва омӯзиш дар дарбори шоҳии Ҳиндустон ҷамъ омаданд.

Порсигуёни қаламравҳои мухталиф дар ин дарбор доираи бузурги адабиеро ба вуҷуд оварда, шоирон Иброҳими Бадахшӣ, Дӯстии Бадахшӣ, Мавлоно Восилӣ, Маҳии Бадахшӣ, Абтарӣ ва дигарон дар ҳамин муҳити адабии Ҳинд камол ёфтанд.

Баръакси таассуб нисбати зан дар дигар кишварҳои мусулмонӣ, дар Ҳиндустон то андозае адабиёти занона ҳам рушд карда, ба афкори адабии
Гулнисои Атоӣ
минбаъда таъсир гузошт. Тазкираҳо аз 31 шоира ба мисли Маҳастӣ, Найсонӣ, Подшоҳхотун, Ҷаҳонхотун, Бибимеҳрӣ, Саидбегим, Меҳрии Ҳиравӣ ном мебаранд.

Аммо дар охирин пажӯҳиши муфассал, ки Масъуди Миршоҳӣ соли 2001-ум бо номи «Шеъри занони Афғонистон» интишор додааст, намунаи осори 70 шоира муаррифӣ гардидааст.

Муаллиф мегӯяд, аммо дар Тоҷикистон ба пажӯҳиши ашъори занон эътибори камтаре дода шудааст. Соли 1985 бо ибтикори Раҳим Ҳошим маҷмӯаи « Ҳамсафар» ва баъд аз ин силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт» чоп шудаанд, ки дар онҳо бо номи «Се қалам» ва «Гулҳои наврӯзӣ» қисматҳои алоҳида ба ҳаёту осори шоираҳои муосир ихтисос дода шуд.

Дар китоби «Барги сабз», бо эҳтимоми Ваҳҳоб Одина ва муқаддимаи шоираи шинохта Гулрухсор Сафиева, намунаи ашъори бист шоираи тоҷик бо шарҳи ҳоли мухтасарашон ба хонандагон пешкаш гардид.

Дар «Тазкираи адибони Бадахшон» намунаи ашъори 14 бонуи суханвари Бадахшон ҷо гирифтааст. Пажӯҳишгар Гавҳари Бадахшониро нахустин бонуи суханвари бадахшонӣ мешуморад. Ин зан дар айёми ҷавонӣ бо бародараш барои таҳсили илм ба Ҳирот сафар карда, парвардаи мактаби адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ будааст.

Дар тазкираҳо омадааст, ки Ҷомӣ ба ҳунари ин бонуи суханвар баҳо додааст, ки агар касе шеърашро хондааст, «донист, ки гавҳари бадахшист».

Парии Бадахшонӣ суханвари дигарест, ки дар асри ҳаждаҳум зиндагию эҷод кардааст. Аз ғазалҳои Парӣ симои шоираи хушсалиқа, дардманд ва ошиқи озодандешу зиндагидӯст пеши назар меояд.

Чашме, ки боз нест ба рӯи ту баста беҳ,
Дасте, ки домани ту нагирад, шикаста беҳ.
Бархости қиёмати кубро баланд шуд,
Биншин даме, ки фитнаи маҳшар нишаста беҳ,
Ҳарфе, ки дарди ишқ надорад, нуҳуфта хуш,
Оҳе, ки беасар бувад, аз дил нараста беҳ.
Ҷонро, ки нисбат аст бар оташгаҳи вуҷуд,
Пайванд агар ба ғайри ту бошад, гусаста беҳ.
Чун мерасад ба хотират аз хотирам малол,
Қосид ҳалоку боли кабӯтар шикаста беҳ.


Муҳаққиқ бо ёдоварӣ аз Махфии Бадахшонӣ, ки дар авохири асри нуздаҳ ва нимаи авали асри бистум зистааст ва ашъори ӯро сухансанҷони давр «на камтар аз мардон» шумурдаанд, мақому манзалати занро дар шеър шоиста унвон кардаааст .

Махфӣ на танҳо тахаллуси Зебуниссо(Махфӣ) гирифт, балки ба тарзи зиндагии вай низ пайравӣ намуда, охирҳои умрро бо узлатнишинӢ, дар як гӯшаи Бадахшони Афғонистон гузарондааст.

Дӯстон, бо ки диҳам шарҳи ғами танҳоӣ,
Оқибат кард харобам алами танҳоӣ.
Ёри ҳамдард бувад заҳри ғамамро тарёк,
Ҳама ғам саҳл бувад, оҳ ғами танҳоӣ!
Он чи қисмат зи азал рафт, нагардад каму беш,
Махфиё, сабр гузин дар ҳарами танҳоӣ.
Аз парданишини то рӯъё


Ба гуфтаи Сардорбек Азорабеков, аммо занони шоири қуруни мозӣ дар тазкираҳо одатан бо номи «парданишинони сухангӯй» ёд мешаваанд. Маҳрумияти занон аз озодӣ ва узлатнишинии онҳо барои дар зери парда нигоҳ доштани ашъорашон ҳам мусоидат кардааст.

Адами ҳуқуқи занони мусулмон ба таҳсил ва аз ин имтиёз бархӯрдор будани фақат занону духтарони шоҳону ҳокимон боис гирдидааст, ки бештари занони шоир шоҳзода ва ё аз насли наҷибзодагон буданд. Ба гуфтаи
Зарнигори Муборакшоҳ
муаллиф, аммо занони эҷодкор бо вуҷуди шоҳзода буданашон аз ҷиҳати маънавӣ худро хору ҳақир мешумурданд ва ашъорашон моломоли шикоят аз ҷаври замон ва ғаму андӯҳ будааст. Муҳаққиқ меафзояд: “Масалан, Робиаи Балхӣ, ки наҷибздодае буд, бархилофи расму одати замон ба ғуломе ошиқ шуд ва аз нуқтаи назари табақаи худ муртакиби гуноҳи азим гардид. Дар натиҷа қурбони ғурури хонаводагӣ ва урфу одати беҳраҳмонаи замон ва таассуб шуд. Маҳастӣ шоираи ҳунарманду бузург умри худро чун булбули хушилҳон дар қафаси заррин ва фазои тангу фосиди дарбори шоҳи Ганҷа ва Султонсанҷари Салҷуқӣ гузаронид. Ба ҳамин тартиб, Мастураи Курдистонӣ, Маҳҷубаи Ҳиротӣ, Ҳоҷизӣ, Меҳрӣ, Заифӣ, Зебуннисо ва чандин тани дигар бар асари зулм ва бераҳмии давр дар авҷи камолоти эҷодӣ бо дилҳои пурдарду ормони нашикаста ҳамоғӯши марг гардиданд.”

Ба фикри муаллиф, таассуб ва тақдири андӯҳбори занони шоири гузашта сабаб шудааст, ки дар даврони собиқ шӯравӣ ҳам агарчанде занон аз ҳуқуқҳои бештаре бархӯрдор буданд, дар майдони шеър натавонистанд пару бол бикшоянд.

Муаллиф меафзояд, ки ҳанӯз чанд даҳсола қабл дар шаҳру навоҳии Бадахшон заноне, ки ба ҳунари нафиси шеър гуфтан шуғл меварзаданд, ангуштшумор буданд. Вале бахусус дар навоҳии Ванҷу Дарвоз духтарони ҷавоне, ки ба шеърнависӣ шавқу рағбат доштанд, пас аз ба хонаи шавҳар рафтан қаламро аз дасташон мегузоштанд: “Ҳатто дар замони муосир ҳам, ифодаи ҳиссиёти лирикӣ барои зани шавҳардоре, ки дар шаҳрак ва ё деҳаи кӯчак мезист «ҷурм» ҳисоб мешуд. Хонавода ва атрофиён бештар ба
Рудобаи Мукаррам
нақши иҷтимоии зан таваҷҷӯҳ мекарданду зан бо ниёзҳои маънавиаш танҳо мемонд.”


Муаллиф чунин мешуморад, ки аммо бонувони суханвар чун як нерӯи иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа дар солҳои 80-уми асри гузашта аз худ дарак доданд. Нуқраи Суннатниё, Шаҳрияи Адҳамзод, Раънои Мубориз, Сабзинаи Содиқиён аз зумраи шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳастанд, ки аз деҳаи кӯчак ба паҳноҳои майдони эҷод қадам гузоштанд. Нуқра мегӯяд:

Дар деҳи кӯҳистони Ванҷ,
Аз хок ҳам беш аст санг.
Дар пойдории ҷаҳон,
Бо ҷони мо хеш аст санг.

Санг аст дар пои мазор,
Аз санг лавҳи гурҳо.
Аз чашми моҳи шоми деҳ,
Бар санг лағжад нурҳо.

Дар домани деҳи баланд
Бесанг марзи танг нест.
Сад шукр, аммо мардумаш,
Дилтанг ё дилсанг нест.


Шоира шарафи мардро болотар аз қуллаҳои Бадахшон мегузорад ва мегӯяд:

Эй мард!
Китфи ту-
Қуллаи болотарини дунёст!
Лавҳаи пирузиамро
Кай ба руят мегузорам?


Ба андешаи муҳаққиқ аммо мактаби адабии Ширин Бунёд дар ташаккули ҳавзаи адабии муосири Бадахшон нақши муҳим бозидааст. Суханварон Раънои Мубориз, Мавҷигул, Руқияи Давроншоҳ, Рудобаи Мукаррам, Зарнигори Муборакшо, Гулнисо Атоӣ ва Зайналмо маҳорати суханвариашонро дар ин мактаб сайқал додаанд.

Ҳар яке аз ин шоирон пайроҳаи хоси худро мепаймоянд. Кӯҳҳои сарсафеди
Руқияи Давроншоҳ
осмонбӯс, оби муссаффои чашмасорон, табиати зебову нотакрори Бадахшон манбаъи илҳому болу пар гирифтани андешаашон буда, бо рангорангӣ дар ашъори ин суханварон тасвир мешавад.

Аммо пажӯҳишгар бонувони суханвари муосирро дар изҳори эҳсосоташон озодтар дарёфтааст. Рудобаи Мукарррам, муаллифи маҷмӯаҳои «Афсонаи ишқ», «Дуруди ошно» ва «Зиндагӣ дар ёдҳо» яке аз суханварони ҷавони навовару тозакор муаррифӣ гардидааст.

Худи шоира мегӯяд, ки мавзӯъҳои зебои табиат, ватан, сулҳ, ваҳдатро тараннум мекунад, вале мурғи илҳом хаёлаш ҳамеша дунболагири ишқу муҳаббати самимӣ ва заминӣ мебошад.

Ғунчаи дил ба танам пажмурдаст,
Кӯзаи хоб шикаст обаш рехт.
Лонаи ишқ тиҳи шуд зи наво,
Мурғи бӯса зи лабонам бигурехт.


Биё бар қасри дил шаҳзодаи толеи неки ман,
Биё, то чашми армонам ҳамеша интизори туст.
Биёвар бар баҳори умри ман пайки шукуфтанҳо,
Гули нашкуфтаи ман дар баҳори файзбори туст.


Мавҷигули Зардодхон, муаллифи «Шаббода», «Таваллуди фарёд» ва «Ҳарими ғунчаҳои сабз» дар синни 47-солагӣ аз дунё гузашт. Муҳаққиқ Мавҷигулро шоираи тахайюл ва андеша меномад. Мавҷигул мегӯяд:

Эҳсоси ман дилбанди шеър,
Дилдодаву пайванди шеър,
Мӯи тилоӣ шуд сафед,
Ҳар рӯз хурда фанди шеър…

Руқияи Давроншоҳро шоири иҷтимогаро меноманд. Вай шаш баҳорро дар муҳоҷирати иҷбории меҳнатӣ паси сар кард, аммо акнун, ки бозгаштаасту агарчанде зиндагӣ, баҳор ва Хоруғро дигаргуна дарёфт, аммо боз ҳам панҷаи мушкилоти иҷтимоиву равони гулӯи занро мефишорад.

Бо ҳама дарду аламҳо, бо ҳама бахту шиканҳо.
Бо ҳама зулму ситамҳо, зиндаам ман, зиндаам.
Бо ҳама ҳиҷру фирорам, бо ҷафои сахти ёрам.
Бод дили мискини зорам, зиндаам ман зиндаам.
Ашк мешӯяд гулӯям, оҳ печонад гулӯям.
Лола механдад ба сӯям, зиндаам ман, зиндаам.
Ман хазони бебаҳорам, махзани сабру қарорам,
Бо барору нобарорам, зиндаам, ман зиндаам.
Бо баҳои сахти тақдир, бо ҳазорон ҳукму таҳқир,
Ҷон ба лаб ҷуёни тақдир, зиндаам ман, зиндаам.

Ба гуфтаи Руқия, бисёр духтарони навраси мактабхонро дидан мумкин ҳаст, ки шавқу завқи шеърнависӣ доранд, аммо бо берун шудан аз остонаи мактаб ба шикасти ҳавасҳо рӯбарӯ мешаванд. Зеро шеър гуфтан истеъдод аст ва ягон имтиёзеро барои суханвар пеш намегузорад.

Маъруфтарин ва қадимтарин зани шоир дар адабиёти форсу тоҷик ҳамзамони Абӯабдулло Рӯдакӣ Робиаи Балхӣ шинохта шудаст. Муаллиф меафзояд, аммо пажӯҳиши ашъори бонувони суханвари бадахшонӣ аз Гавҳар то Раънову Руқия ва Рудоба нишон медиҳад, ки дар баробари дигар нодираҳои суханвари адабиёти тоҷик ин силсила бо каломи бадеъ дар дилу афкор ва андешаи ҷомеа нақши босазо гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG