Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уламои Яман хостори истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд


Суханронии Алӣ Абдулло Солеҳ дар назди ҷонибдоронаш
Суханронии Алӣ Абдулло Солеҳ дар назди ҷонибдоронаш
Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, намоишҳои оммавии ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шурӯъ шуданд. Баъд аз намози ҷумъа ҳазорон нафар ба хиёбонҳои шаҳр рехтанд.

Имрӯз гурӯҳи уламои маъруфи ислом ва сарони қабоил бо пахши як изҳорот хостори истеъфои фаврии раисиҷумҳур шуда талаб намуданд, ки ҳама дархостҳои ширкатдорони ҳамоишҳои эътирозӣ иҷро карда шаванд.

Шурӯъ аз моҳи январ ба асари саркӯбсозии намоишҳо бо талаби раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ дасти кам 120 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG