Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак ба бемористони низомӣ интиқол меёбад


Бемористони Шарм-ул-Шайх зери назорати полис аст
Бемористони Шарм-ул-Шайх зери назорати полис аст
Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, рӯзҳои наздик аз бемористони шаҳри Шарм-ул-Шайх ба бемористони низомӣ интиқол меёбад ва зери назорат қарор мегирад. Дар ин бора расонаҳои Миср бо такя ба додситонии кишвар хабар доданд.

Намояндаи додситонӣ дар бораи дар кадом шаҳр воқеъ будани бемористони низомӣ чизе нагуфтааст ва аммо изҳор намудааст, ки раисиҷумҳури собиқ аз хадамоти зарурии тиббӣ бархурдор хоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Миср алайҳи Ҳуснӣ Муборак дар робита ба даст доштанаш дар фасод ва сӯиистифода аз мақом айб эълон кард. Ҳангоми бозпурсӣ ҳоли раисиҷумҳури собиқ бад шуд ва ӯро ба бемористони Шарм-ул-Шайх интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG