Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти Рашт Мулло Абдулло кушта шуд


Бар асари даргирии мусаллаҳонa дар ноҳияи Рашт Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат кушта шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз вазорати умури дохилӣ хабар доданд.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС ҳам бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, ки барои мушаххас кардани шахсияти Мулло Абдулло як гурӯҳи вижа ба минтақаи ҳодиса сафар кардааст.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилӣ, дар амалиёти вижа дар Рашт шаш мусаллаҳи мухолифи давлат ва як корманди кумитаи амнияти миддӣ ба ҳалокат расидаанд. Як афсари дигари ҳукумат маҷрӯҳ шудааст.

Гуфта мешавад, ки амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар мавзеи Болошаҳри ноҳияи Рашт сурат гирифтааст. Ҳадафи ин амалиёт маҳв ё боздошти боқимондаҳои гурӯҳи мусаллаҳе эълон шуда буд, ки дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон даст дошт.
XS
SM
MD
LG