Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфо ба хотири дар хоб мондани диспетчерҳо


Раиси Хадамоти назорати парвозҳои ИМА Ҳэнк Краковскӣ баъд аз чанд ҳодисаи дар хоб мондани диспетчерҳо истеъфо дод.

Шаби чаҳоршанбе ҳавопаймо бо бемори вазнин дар фурудгоҳи аёлати Невада бидуни раҳнамоии диспетчер фуруд омад. Маълум шуд, ки диспетчерро хоб бурдааст.

Ҳамин гуна ҳодисаҳо моҳи март бо ду ҳавопайои дигар, ки дар фурудгоҳи ба номи Роналд Рейгани Вошингтон менишастанд, низ рӯх дода буд. Ин ҳавопаймоҳо дар маҷмӯъ 165 мусофир доштанд.

Мақомоти Амрико изҳор намуданд, ки ҳамаи 15 ҳазор диспетчерҳои фурудгоҳҳои кишвар дубора мавриди санҷиш қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG