Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошкор шудани ҷасади шаҳрванди Италия дар навори Ғазза


Дар навори Ғазза ҷасади Витторио Арригонӣ, як фаъоли ҳуқуқи башари итолиёвӣ, ошкор шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ аз сӯи мусаллаҳони як гурӯҳи ифротгароёни наздик бо шабакаи “Ал-Қоида” рабуда шуда буд.

Иҳоб Ҳусейн, сухангӯи хадамоти амниятии гурӯҳи “Ҳамос” гуфт, ки баъд аз боздошти як нафар дастдошта дар ин одамрабоӣ, макони будубоши Арригонӣ маълум шуд ва аммо замоне, ки нерӯҳои амниятӣ ба он ҷо расиданд, ӯ аллакай эъдом шуда буд.

Одамрабоён аз мақомоти Ғазза талаб карда буданд, ки дар ивази раҳоии Витторио Арригонӣ раҳбари гурӯҳашонро аз зиндон раҳо кунанд. Ва аммо гурӯҳи “Ҳамос” аз иҷрои ин талаб сарпечӣ намуд.

Витторио Арригонӣ чанд соли ахир дар навори Ғазза ба сар мебурд ва барои лағви муҳосираи ин минтақа аз сӯи Исроил талош мекард.
XS
SM
MD
LG