Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни таркиш дар метрои Минск


Теъдоди қурбониёни таркиш дар метрои шаҳри Минск ба 13 нафар расид – шаби гузашта боз як тан аз маҷрӯҳон аз олам даргузашт.

Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Белорус, айни ҳол дар бемористонҳо 160 нафар маҷрӯҳон боқӣ мондаанд ва вазъи 21 нафари онҳо вазнин аст.

Дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар метрои шаҳри Минск, ки рӯзи 11 апрел рӯх дод, панҷ нафар, аз ҷумла, як духтар боздошт шудаанд. Мақомоти тафтишот мегӯянд, ки боздоштшудаҳо дар ду таркиши дигар дар шаҳрҳои Витебск ва Минск даст доранд.

Вазорати умури дохилии Белорус хабар дод, ки таркишро як сокини Витебск ташкил кардааст.
XS
SM
MD
LG