Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии 5 даста дар даври аввали сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми апрел бозиҳои даври аввали мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар нахустин даври мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов ва Фарҳод Тоҳиров ба самар расонданд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Баҳодур Шарифов ва Рустам Идрисов заданд. Ду голи “Шодмон”-ро Худойдод Нусратов ба нишон расонд.

“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Ду голи мизбононро Зокир Абдулхайров ва Фозил Сатторов вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Як голи "Вахш" ба Сергей Абрамов мансуб аст.

Ду бозии дигари даври аввал 14-уми апрел сурат гирифт.“Хайр”-и Ваҳдат бар тими меҳмон - “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро ҳамлагар Саид Ломеирамандӣ, легионери эронӣ, дар дақиқаи 28-ум ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид кард.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар ба дарвозаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров се голи беҷавоб зад. Голи аввалро меҳмонон ба дарвозаи дастаи худ заданд. Ду голи дигарро Комил Саидов ва Чарлз Накути, легионер аз Гана, ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, дастаҳои “Истиқлол”, ССКА “Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Хайр” сеимтиёзӣ ба даст оварданд.

Имсол дар сабқати лигаи олӣ 11 даста ҳунарнамоӣ мекунад. Ба 9 дастае, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ мекарданд, ду тими нав - “Шодмон”-и Ҳисор ва “Гвардия”-и Душанбе зам шудаанд. Мусобиқаи имсола аз чаҳор давра иборат аст.

Бозиҳои даври дуввум:


16-уми апрел (шанбе)

“Истиқлол” - “Регар-ТадАЗ”
“Шодмон” - “Энергетик”

17-уми апрел (якшанбе)

“Хайр” - “Парвоз”
ССКА “Помир” - “Хуҷанд”
“Равшан” - “Гвардия”

Бозиҳо соати 16 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG