Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "Қаззофӣ бояд биравад"


Дар нахустин рӯз аз нишасти дурӯзаи аъзои НАТО дар Берлин, тамоми аъзо бар зарурати канорагирии Муаммар Қаззофӣ аз қудрат таъкид карданд.

Ба гузориши Ассошийатед Пресс, Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи панҷшанбе зимни таъкид бар пойбандии тамоми аъзои НАТО ба амалиёти Либия эълом кард, ки НАТО ба манзури муқобила бо нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба ҳавопаймоҳои бештаре ниёз дорад. Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки амалиёти НАТО дар Либия то ҳар замоне, ки зарурати дошта бошад, идома хоҳад дошт.

Дар айни ҳол Фаронса ва Бритониё хостори амалиёти густурдатари аъзои НАТО алайҳи нерӯҳои Қаззофӣ шуданд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА дар мавриди ирсоли таҷҳизоти низомии бештар ба Либия изҳори назар накард ва танҳо доштани азме росих дар ин амалиётро таъкид кард. Хонум Клинтон бо ишора ба ин, ки тамоми 28 узви НАТО як ҳадафи воҳид доранд ва он поён ёфтани ҳукумати Қаззофӣ аст, эълом кард, ки роҳкорҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва иқтисодии НАТО ба манзури дар канор қарор додани Қаззофӣ бояд шадидтар шавад. Вай бо ин ҳол таъкид кард, ки тағйири ҳукумат дар Либия ҷузви ҳадафҳои низомии НАТО нест.



Фаронса низ, ки хостори амалиёти сареътар ва муассиртар дар Либия аст, рӯзи панҷшанбе изҳор кард, ки амалиёти низомӣ дар ниҳоят барои ҳали мушкили Либия корсоз нест ва ин масъала бояд аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл шавад.

Вазири умури хориҷии Фаронса таъкид кард, ки мақсуди ниҳоии тамоми аъзои НАТО бархурдории мардуми Либия аз озодии демократӣ аст ва афзуд: «Либия бо вуҷуди Қаззофӣ ҳеҷ ояндае надорад.»

Ба гузориши Ассошийатед Пресс, маҳдуятҳои НАТО дар амалиёти Либия ва худдории шадиди онҳо аз осеб расонидан ба шаҳрвандони оддӣ сабаб шудааст, ки ҳомиёни Муаммар Қаззофӣ ба манзури муҳофизат аз худ дар минтақаҳои пурҷамъият сангар бигиранд.

Дар айни ҳол шӯришиёни мухолифи Либия низ бо муттаҳам кардани НАТО ба кӯтоҳӣ дар ҳимоят аз шӯришиён, бо дархост аз Амрико барои ҳамлаҳои ҳавоии шадидтар алайҳи мавозеи нерӯҳои Қаззофӣ, хоҳони иқдоми бештари нерӯҳои байналмилалӣ шудаанд.

Нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии Амрико дар ҳафтаи нахусти амалиёт алайҳи ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ, ҳузури фаъоле дар амалиёт дошт, аммо пас аз интиқоли масъулияти ҳидояти ин амалиёт ба НАТО, ба гунае амал кард, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, гӯё дар ин амалиёт ҳузур надорад. Бо ин ҳол ба гуфтаи Пентагон, ҳудуди 35 дарсад аз амалиёти ҳавоии даҳ рӯзи гузашта дар Либия аз сӯи нерӯҳои Амрико сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG