Пайвандҳои дастрасӣ

Азми эътилоф барои аз қудрат рондани Қаззофӣ


Раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Амрико қавл доданд, то замоне, ки Муаммар Қаззофӣ аз қудрат наравад, амалиёт дар Либияро идома хоҳанд дод. Дар як мақолаи муштарак, ки дар рӯзномаҳои Амрикову Аврупо нашр шудааст, Дейвид Кемерон, Николя Саркозӣ ва Барак Обама гуфтаанд, дар қудрат гузоштани Муаммар Қаззофӣ, “хиёнати азиме” ба мардуми Либия хоҳад буд. Як рӯз пеш аз нашри ин мақола, шӯришиёни Либия хостори ҳамлаҳои бештари ҳавоӣ ба мавзеъҳои нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ шуда ва гуфтанд, ба қатли ом аз тарафи нерӯҳои давлатӣ дучор шудаанд, ки шаҳри муҳосирашудаи Мисратаро мушакборон карданд.
XS
SM
MD
LG