Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 тани дигар бо иттиҳоми бомбгузорӣ дар Минск


Давлати Ҷумҳурии Белорус эълом кард, ки дар робита ба бобмгузории хунини ин ҳафта дар метрои Минск ду нафари дигарро боздошт кардааст. Дар маҷмӯъ то кунун бо иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори рӯзи душанбе, ки 12 нафарро кушта ва тақрибан 20 тани дигарро захмӣ кард, 5 нафар боздошт шудаанд. Мақомоти Минск рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки се нафар аз ҷумла як ҷавони 20-солаеро дастгир карданд, ки дар истгоҳи пуродами метрои Минск бомб гузоштааст. Андрей Швед, муовини додситони кулл гуфт, ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Белорус буда ва синнашон аз 30 сол боло нест. Ӯ ҳуввияти муттаҳамон, сабабҳои ба ин кор даст задани онҳоро ошкор накард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG