Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Гаага ҳукми генералҳои хорватро эълом мекунад


Қарор аст, имрӯз Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославияи собиқ ҳукми худро алайҳи се генерали хорват эълом кунад, ки онҳоро дар кишварашон қаҳрамон медонанд. Анте Готовина, Иван Гермак ва Младен Маркач, ба ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи сербҳо дар соли 1995 муттаҳам мешаванд. Додситонҳо мегӯянд, онҳо қатлу, ихроҷ ва таъқиби сербҳо дар замони амалиёти мавсум ба “Тӯфон” даст доранд. Дар шаҳри Загреб, пойтахти Хорватия телевизионҳои бузурге насб кардаанд, то ҷараёни эъломи ҳукм дар додгоҳи шаҳри Гаагаро ба тариқи мустақим намоиш диҳанд. Як маросими дуо дар ҳаққи ин генералҳо низ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG