Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати кишварҳои дар муҳосираи хушкӣ барои ҳамкорӣ


Як ҳамоиши кишварҳои дар муҳосираи хушкӣ ва ё кишварҳое, ки ба уқёнус роҳ надоранд, дар пойтахти Муғулистон бо даъвати ҳамкориҳои бештар ба поён расид. Дар ин ҳамоиши таҳти васояти Созмони Милал, намояндагони Тоҷикистону Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Непал ширкат намуда ба аҳдашон барои ҳамкории зичтар ва ҳаққи худ барои дастрасӣ ба обҳои байналмилалӣ таъкид карданд. Дар баёнияи расмии ин кишварҳо, муқаррароти гумрукӣ, убури марзҳо ва муқаррароти дигар,монеаҳои аслӣ дар роҳи рушди кишварҳои дар муҳосираи хушкӣ хонда шуд.
XS
SM
MD
LG