Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сулҳ бо ҳузури ҳаводорони Толибон


Интизор меравад, Арабистони Саудӣ як нишастеро барои баррасии роҳҳои расидан ба сулҳ дар Афғорнистон мизбонӣ кунад, ки ба он ҳаводорони Толибон низ даъват шудаанд. Мавлавӣ Атоулло Лудин, муовини раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гуфт, замони нишаст ҳанӯз маълум нест, аммо корҳои муқаддамотӣ барои баргузории он идома дорад. Ба ин нишаст раҳбарони Толибон даъват нашудаанд. Атоулло Лудин дар ин бора мегӯяд: “Мехоҳем ин нишаст муқаддимае бошад дигар нишастҳо ва маҷолис бо Толибон. Шояд дар ин замони ҳассос, ки тафоҳуме бо Толибон сурат нагирифтааст, ин гурӯҳ омодаи ширкат бошанд ва ё набошад. Бар ҳар ҳол ҳаводорони Толибон ва касоне, ки ба онҳо наздиканд ба ин нишаст даъват шудаанд.“ Гурӯҳи Толибон то кунун ба ин ташаббус вокунише нишон надодааст, аммо дар гузашта тамоми пешниҳодоти сулҳ аз тарафи ҳукумати Афғонистонро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG