Пайвандҳои дастрасӣ

Саргузашти як табиби тоҷик дар Яман


Табиби тоҷик Ҳомидҷон Овчибоев

Табиби тоҷик Ҳомидҷон Овчибоев

Сарнавишти Ҳомидҷон Овчибоев метавонад ба сари ҳар муҳоҷири дигари тоҷик биояд. Чӣ дар кишварҳои арабӣ ва чӣ дар Русия ё Қазоқистон.

Достони асорати табиби тоҷикистонӣ Ҳомидҷон Овчибоев, ки 43 рӯзро дар Яман дар асорат ба сар бурд, бори дигар дар зеҳнҳо масъалаи осебпазирии артиши бузурги миллионнафарии муҳоҷирони тоҷикро, ки рӯзии худро дар хориҷ меҷӯянд, матраҳ мекунад.

АЗ ҚАЛЪАИ ҲИСОР ТО АТАҚ

Ҳомидҷон Овчибоев соли 1951 дар рустои Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1973 риштаи ҷарроҳии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.

38 сол собиқаи пизишкӣ дошта, аз соли 2007 бар асоси қарордод бо ширкати русии “Техностройэкспорт” дар шаҳри Атақи Яман кор мекунад. Овчибоев 5 фарзанди баркамол – 3 писар ва 2 духтар – ва 13 набера дорад.

Як писари ӯ Донишкадаи исломии Душанберо хатм карда, ду писари дигараш касби падарро пеша кардаанд. Ҳамсараш Салима Юлдошева низ табиб аст ва дар Қалъаи Ҳисор кору зиндагӣ мекунад.

200 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БАРОИ ЯК ТАБИБ!

Номи ин табиби оддӣ аз Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал, замоне вирди забонҳо шуд, ки як қабила дар Яман ӯро гаравгон гирифт ва дар баҳои раҳоияш ҳамчун хунбаҳо ва ҷуброни як ҳамлаи ду сол пеши артиши Яман
болои ин қабила, ки даҳҳо нафар, бо шумули 17 зан ва 23 кӯдакро кушта, барҷой гузошт, 200 миллион доллар талаб кард.

Ҳомидҷон Овчибоев достони асир уфтоданаш ба дасти қабилаи маъдалӣ дар шаҳри Атақро дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ чунин қисса кард: “Ҳамон саҳар гуфтанд, ки як бемори тирхӯрдаро овардаанд, бояд бубинамаш. Гуфтанд, ки дар мошин аст, равем, нишон медиҳем. Вақте баромадам, маро ба мошин савор карда бурданд. Дар роҳ пурсидам, ки бемор куҷост? Гуфтанд, ки мо шуморо дуздидем. Пурсидам, ки акнун чӣ мекунед? Гуфтанд, мо шуморо ба ҳукумат мефурӯшем. Ҳамин тавр бурданд, дар хаймаашон ҷо карданд. Хӯрду хӯроки хуб медоданд. Имрӯз ҳал мешавад, фардо ҳал мешавад, гуфта, якуним моҳ қариб шиштем дар ҳамон хайма ба ҳамин минвол. Дар ниҳоят гуфтанд, ки мо хато кардему шумо бубахшед морову мо шуморо мебарем. Боз маро гирифта оварданд ва ба ҳамон бемористоне, ки кор мекунам, супурда рафтанд.”

Салима Юлдошева, ҳамсари Овчибоев мегӯяд, як додари шавҳараш иттифоқан дар ҳамон рӯзи 28-уми феврал ба ӯ занг мезанад, вале телефонро як араб мебардорад. Баъдан худи Ҳомидҷон Овчибоев гӯширо гирифта, кӯтоҳ мегӯяд, ки ӯ хуб асту ҳоло имкони сӯҳбат надорад.

Хонуми Салима афзуд, онҳо баъди як рӯз вақте фаҳмиданд, ки ӯро асир гирифтаанд, сахт такон хӯрданд. Ва ҳатто вақте ҳам, ки ӯ худаш занг зад ва таскини хотирашон дод, ки ба зудӣ раҳо хоҳад шуд, ин андеша, ки бо ӯ чӣ хоҳад шуд, то замони ба Ҳисор расидани хабари озодиаш онҳоро ором намегузошт: “Вой худоё! Рӯзи 1 март буд. Як додари шавҳарам дар Пажӯҳишгоҳи астрофизика кор мекунад ва писаронаш бо интернет зиёд сару кор доранд. Дар интернет аст ҳамаи хабар, аз ҳамон ҷо оварданд хабарро. Баъд зиқ намешавед магар? Тарсидем, зиқ шудем. Як ман не, ҳамаи хешу табор – додаронаш, хоҳаронаш, ҳама. Писаронам медонистанд, вале аз духтаронам руст кардем хабарро, ба хушдоманҳову хусурҳои онҳо таъйин кардем, ки нагӯед. Аҷаб рӯзҳое гузашт аз сари мо. Ин осон аст магар? Чунон вазнин будааст ин.”

43 РӮЗИ МУЗОКИРОТ

Ҳомидҷон Овчибоев тайи 43 рӯз – то шаби 11 ба 12-уми апрел дар мавзеъи Маҳфиди вилояти Абён асир будааст ва тайи ин ҳама муддат музокирот ба хотири раҳоии ӯ миёни мақомоти Яман ва қабилае, ки табиби тоҷикро гаравгон гирифта буд, низ идома дошт.

Дар ҳоли ҳозир дар Яман 47 табиби тоҷик кор мекунанд, ки асосан тавассути 3 ширкати русии “Техностройэкспорт”, “Здравэкспорт” ва “Экспортстрой” истихдом шудаанд. Бино ба ҳисоби сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, ҷамъи шаҳрвандони тоҷик дар Яман, бо шумули аҳли хонаводаҳои табибон, тақрибан то 240 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори 47 табиби тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти намояндагони тоҷики ширкатҳои русист.

Вале Абдуллоҳ Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, ки Яман низ таҳти пӯшиши сафорати ӯ қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба муҷарради дарёфти хабари асорати Ҳомидҷон Овчибоев ба ҷараёни ҳалли ин қазия ҳамроҳ шудаанд: “Сафорат корҳои зеринро анҷом дод: Мо
Абдулло Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
бо истифода аз тамоми каналҳои дипломатӣ - бо ҷалби сафорати Яман дар Арабистони Саудӣ, бо муколамаҳои телефонӣ бо намояндагони вазорати корҳои хориҷии Яман дар Санъо ва вазорати тандурустии Яман ва сафорати Русия дар Яман – ин ҳамаро сафарбар кардем ва онҳо тавонистанд бо кӯшишҳои ҳамагонӣ шайхҳои қабиларо моил кунанд, ки бе пардохти маблағ ва бе кадом шарт Ҳомидҷон Овчибоевро озод кунанд.”


ТИҶОРАТИ МАЪДАЛИҲО БО ДАВЛАТ

Ҳомидҷон Овчибоев мегӯяд, аз ҷараёни музокироти байни раҳбарони қабила ва мақомот аслан огоҳие надошт ва ҳатто дақиқ намедонад, ки гаравгонгирон дар баҳои раҳоии ӯ пеши давлат чӣ талабҳое гузошта буданд ва дар ниҳоят ба чӣ ноил шуданд.

Аммо Абдуллоҳ Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Саудия мегӯяд, дар асл музокирот хеле ба сахтӣ мегузашт ва қабилаи маъдалӣ дар оғоз дар ивази раҳоии табиби тоҷик қариб 200 миллион доллар талаб мекард: “Онҳо аввал гуфтанд, ки артиш ва қувваҳои махсуси ҳукуматӣ дар марзу буми қабилаи маъдалӣ бисёр бедодӣ кардаанд ва онҳо хунбаҳо пурсиданду ҷуброни талафоти ҷониву молие ки додаанд. Ин буд 45 миллиард риёли яманӣ, баробари тақрибан 200 миллион доллар. Баъд гуфтанд, ки мо 50 миллионашро кам мекунем. То 150 миллион доллар фуроварданд талаби худро. Дар охир гуфтанд, хуб, чанд нафарро озод кунед. Ман гумон мекунам, шояд як ё ду касро озод ҳам карданд. Вале ман маълумоти дақиқ надорам.”

Дар соли 2007 низ як табиби тоҷикро дар Яман рабуда буданд, вале он бор танҳо ба хотири табобати як чирикие, ки дар задухӯрд бо нирӯҳои давлатӣ ҷароҳат бардошта буд. Саидаҳмад Беков, намояндаи ширкати русии “Техностройэкспорт”, ки Ҳомидҷон Овчибоев низ дар он кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз мавриди ахир дар соли 2007 гаравгонгирон табиби тоҷикро ба муҷарради табобати захмии худ бидуни қайду шарт ё пардохти пул раҳо карданд.

ГАРАВГОН? АСИР? Ё “МЕҲМОН”?


Саидаҳмад Беков мегӯяд, қабилаҳои яманӣ маъмулан нисбат ба гаравгонҳо бадрафторӣ намекунанд, балки гаравгонро бештар ба ҳайси як меҳмони ин қабила мепазиранд: “Дар инҷо гаравгонгирӣ каме дигар аст. Ҳамчун меҳмон нигоҳ мекунанд, асирро азобу таҳқир намекунанд инҳо. Ба гарав мегиранду аммо мисли меҳмон ҳурмат мекунанд. Ва то талабҳояшон иҷро нашавад, албатта, ҷавоб намедиҳанд. Ростӣ, дар бораи маслиҳаташон дар мавриди Овчибоев моро чизе нагуфтанд. Фақат гуфтанд, ки гурӯҳи корӣ бо қабила маслиҳат карда, иттифоқ бастанд ва духтурро ҷавоб доданд. Вале ҳатман талабҳояшонро бояд иҷро карда бошанд. Онҳо ҳамин хел ҷавоб намедоданд. Онҳо ҳудуди 200 миллион доллар ҷуброн талаб мекарданд. Албатта, ин қадар пулро надодаанд, вале як маслиҳат кардаанд ҳатман. Аммо расман дар ин бора ба мо чизе нагуфтанд.”

АСИРЕ, КИ ҲАР РӮЗ ЗАНГ МЕЗАД

Ҳомидҷон Овчибоев низ мегӯяд, бархӯрди гаравгонгирон ба шахси ӯ хуб буд. Ба ҳадде ки ӯ маризонро озодона табобат мекард ва ҳатто иҷозат дошт, ки ҳар рӯз ба пайвандонаш дар Тоҷикистон занг бизанад:

“Чизе ки мехостам, давида, аз бозор меоварданд. Ҳар рӯз ба хона телефон мекардам. Мегуфтанд, ки ба Яман занг назан, вале ба Тоҷикистон – марҳамат. Ҳар рӯз бароям карта меоварданд ва бо ҳамсараму писарону духтаронам сӯҳбат карда, менишастам. Касалҳоро ҳар рӯз медидам. Маризонашонро меоварданд аз қабилаҳо. Медидам, дору менавиштам, сӯзандору мегузарондам. Ягон муносибати бад ё ин ки “ту асиру ту фалон” бигӯянд, набуд. Фарзандонашон ҳама ҳамроҳи ман буданд, ҳамроҳ хӯрок мехӯрдем, масҷид мерафтем, намози ҷумъа мерафтем. Ҷудо ҳурматам мекарданд бечораҳо.”

Ҳомидҷон Овчибоев мегӯяд, гузарони рӯзҳо дар айёми гаравгониаш ба минволе буд, ки ҷое барои нигаронӣ ё ташвиш нисбат ба сарнавишти худ надошт: “Ман аслан парво ҳам намекардам, чунки ягон гапи зиёдатӣ намегузашт. Аз фикрам ҳам намегузашт, ки ман асир бошам. Аҳли хонаводаам низ ҳама хабар доштанд. Занг мезадаанд, мегуфтам, сабр кунед, масъала ҳал шавад, ҷавоб медиҳанд. Тамоми хешу таборам медонистанд, ки бо ман чӣ мегузашт.”

Аммо зоҳиран Ҳомидҷон Овчибоев дар ин маврид як каме сипоҳӣ мекунад. Ҳамсараш Салима Юлдошева гуфт, ки ҳарчанд ӯ ҳар рӯз занг мезад, вале як ило ду дақиқа бештар сӯҳбат карда наметавонист. Ба гуфтаи Салима Юлдошева, Овчибоев рӯзҳои аввал ором буд ва баръакс онҳоро таскин медод, ки парво накунанд, вале бо гузашти рӯзҳо, ки музокирот байни қабила ва мақомот тӯл кашид ва ҳеҷ ба натиҷа намерасид, Ҳомидҷон Овчибоев чандин бор тоқаташро аз даст дода, ҳатто васияташро ҳам гуфтааст: “Оҳ! Тарсро нагӯед-э! Худашон чанд бор васияташро карданд, ки гапи хуб мезананд, чӣ қадар иззат мекунанд, лекин аяҷонаш, мана як моҳ шуд, мана 40 рӯз шуд, масъалаашон ҳеҷ ҳал намешавад, ба ман чизе намегӯянд, раҳбарони қабиларо набинам охир, қаровулҳоянд фақат инҷо, ки низ чизеро намедонанд. Зиқ мешуданд хеле. Рӯзи дигар Худо маро имтиҳон мекунад гуфта, ором мешуд. Рӯзи баъдаш боз васиятро сар мекард, ки шуморо мебинам ё не, ин хел кунед, он хел кунед, гуфта, васияташонро мекарданд.”

ГАРАВГОН – АСБОБИ МУОМИЛА БО ДАВЛАТ

Аммо чунин шеваи аз нигоҳи имрӯз қурунивустоӣ – рабудани ягон хориҷӣ ба хотири муомилоти баъдӣ бо мақомот – дар Яман аз куҷо бархостааст?

Арабшиноси тоҷик Зоҳири Давлат мегӯяд, дар асл гаравгонгирӣ дар Яман таърихи қадим надорад, балки моли чанд даҳсолаи охир буда, ба солҳое бармегардад, ки қонунҳои шариатро дар ин кишвари фақири арабӣ қавонини дунявӣ иваз кард. Шариат, қарори маълум, рабудани афрод ба хотири касби имтиёз ё пулро манъ мефармояд.

Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи арабшиноси тоҷик, қабилаҳои гаравгонгир дар ивази раҳоии асирони умдатан хориҷӣ аз давлати Яман пулу имтиёз ва ё аз маҳбас раҳо кардани афроди худро талаб мекунанд.

Зоҳири Давлат мегӯяд, аз ин шева одатан қабилаҳое кор мебаранд, ки нуфузи давлат дар қаламрави таҳти назорати онҳо зиёд нест, вале комёбии
Зоҳири Давлат, таҳлилгари тоҷик (акс аз бойгонии "Миллат гирифта шуд)
мавридҳои аввали одамрабоӣ қабилаҳои бештареро дар Яман ба гаравгонгирӣ ташвиқ мекунад: “Ва вақте ихтитоф сурат мегирад, онҳо дар иваз, барои мисол, талаб мекунанд, ки фалон нафари моро, ки боздошт шудааст, раҳо кунед. Ин роҳро қабилаҳои яманӣ барои қавӣ нишон додани худ дар назди ҳукумат пеш гирифтаанд. Ва чандин бор муваффақ ҳам шуданд. Аз ин рӯ, ин падида дар Яман ҳарчӣ бештар интишор ёфт. Ва бештар сайёҳону ҷаҳонгардонро мерабоянд. Масалан, соли 1998 як шумор аз сайёҳони ғарбиро рабуданд ва дар вақти раҳо кардани онҳо се гаравгон ҳам ба ҳалокат расид.”

Зоҳири Давлат мегӯяд, мақомоти Яман талош мекунанд, бо корбурди муҷозоти шадид ин падидаро аз байн баранд, вале гаравгонгирӣ ба маҳзи заъфи давлат як фишанги фишор дар дасти қабоили яманӣ ва як асбоби муомилаи онҳо бо мақомот боқӣ мемонад: “Ин ҳодисаҳо умдатан дар Яман ба назар мерасанд, вале дар кишварҳои дигари арабӣ нест. Дар Сомалӣ низ, албатта, раҳзанҳои баҳрӣ гоҳ-гоҳе чунин кор мекунанд, ки он ҳам солҳои охир пайдо шуд. Ин масъалае нест, ки мисоли терроризм, ё ақидатӣ, ё динӣ бошад. Ё инки як ҷанбаи низоъҳои қабилавӣ бошад, нест. Онҳо танҳо мехоҳанд, бо ин услуб нуфузи худро ба давлати марказӣ намоиш диҳанд. Иллаташ ҳам заъфи давлат аст. Агар заъфи давлат набошад, як гурӯҳ ё қабила чӣ гуна метавонад дар як кунҷи як давлат як ё чанд нафарро гаравгон бигирад ва ба мақомот шарт гузорад? Ҳатто агар ба таърихи худи мо ҳам нигоҳ кунем, вақте авзоъи амниятӣ ноором буд, дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон чунин ҳодиса чандин бор мушоҳида шуд. Одамрабоӣ одатан дар кишварҳое сурат мегирад, ки дар он кишвар заъфи сиёсӣ ҳаст.”

ОШӮБИ ЯМАН БА РОҲИ ХУД АСТ

Қазияи Ҳомидҷон Овчибоев, албатта, бо ошӯбҳои ахири Яман ва эътирозҳои густарда бо талаби истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1978 ба ин сӯ, инак 33 сол боз бар ин фақиртарин кишвари нимқораи Араб ҳукумат меронад, рабти мустақиме надорад.

Бо ин ҳол, Абдуллоҳ Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Саудия гуфт, берун кашидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвари ошӯбзада шурӯъ шудааст: “Эътирозҳо кори дохилии Яман аст. Вазифаи мо мушаххас буд, ки шаҳрвандамонро озод кунем. Ин кор шуд. Ва ҳозир мо аҳли хонаводаҳои духтурҳоро аз Яман бароварда истодаем. То имрӯз 23 нафар баромад. Онҳо тақрибан 237-240 нафаранд, ки асосан дар се ширкати русӣ кор мекунанд. Ва боз табибҳое ҳам ҳастанд, ки дар Яман бо қарордодҳои инфиродӣ кор мекунанд. Шумори онҳо қариб 70 нафар аст – худи табибон, ҳамсарону фарзандони онҳо ва ҳатто баъзеҳо падару модари худро ҳам ба Яман бурдаанд. Ширкатҳои русӣ вижагиҳои худро дорад.
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Яман
Онҳо бояд маоши табибони тоҷикро диҳанд. Вақте онҳо маоши худро гирифтанд, баромада мераванд.”


Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати русии “Здравэкспорт” гуфт, эътирозҳои зидди давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба кору зиндагии табибони тоҷик дар Яман таъсири сӯе то ҳол нагузошта ва табибон дар ҷомиаи ин кишвар ҳамчунон аз эҳтироми вижае бархӯрдоранд.

Оқои Абдуев низ бо талаби мақомоти Душанбе аз Яман рафтани як гурӯҳи шаҳрвандони тоҷикро таъйид кард, вале гуфт, асосан занону кӯдаконро берун баровардаанд: “Бисёриҳое, ки кӯдак доштанд, рафтанд. Асосан занону кӯдакон ва баъзе мутахассисоне рафтанд, ки худ хоҳиши бозгашт доштанд. Бале, ҳукумат талаб кард, ки бисёриҳо ба далели вазъият бароянд. Лекин то имрӯз асосан занону кӯдакони худро фиристоданд, ҳама нарафтаанд. Бисёриҳо ҳанӯз мунтазир нишастаанд.”

ТАНГИИ РӮЗГОР БА ЯМАН МЕБАРАД

Албатта, ба хотири пайдо кардани кору маоши муносиб худро ба хориҷ задани бахши аксари аҳолии қобили кори Тоҷикистон, бо шумули мардуми солманде, чун Ҳомидҷон Овчибоев, барои касе дар кишвари мо хабари тоза нест.

Аммо ин табиби қариб 60-сола ва соҳиби 5 фарзанди оиладору 13 набераро чӣ маҷбур кардааст, ки дар кишвари чунин дуре аз Тоҷикистон, чун Яман, кор биҷӯяд? Ва он ҳам дар баҳои маоши дар муқоиса бо кишварҳои дигари арабӣ ночизе, ки дар Яман ба пизишкон аз кишварҳои шӯравии собиқ медиҳанд?

Ҳомидҷон Овчибоев мегӯяд, ба Яман бештар аз рӯи ҳавову ҳавас ва шавқи кору зиндагӣ дар ягон кишвари хориҷӣ рафтааст, то ба хотири манофеъи моддӣ: “На, тангӣ надоштам. Мошин дорам, замин дорам, алҳамдилуллоҳ, фарзандонам ҳастанд, ягон тангӣ набуд. То ҳозир аз ҷойи корам дар Ҳисор даъватам доранд, ки баргард. Ман бо хоҳиши худам хеста, ҳамроҳи бачаҳо омадам. Мардум, ки омад, ман ҳам гуфтам, ки рафтан бошад, ана рафтем. Касе маро маҷбур накарда буд. Чор сол шуд кор мекунам. Имсол мехостам, тамом кунам ва баргардам, ки ин кор шуд. Инҷо аз 650, 800, баъзан то 900 доллар маош мегирем дар моҳ.”

Аммо ҳамсараш Салима Юлдошева, мегӯяд, ки Овчибоев маҳз ба далели тангии рӯзгор азми Яман карда буд. Хонум Юлдошева мегӯяд, манзили қаблии онҳо дар заминларзаи пурқурбонии соли 1989 тахриб шуд ва ҳукумати вақти шӯравӣ дар иваз дар 8 сотих замин барои онҳо манзиле сохта дод, ки дар пайи ба камол расидан ва издивоҷ кардани ҳар се писари онҳо дигар барояшон тангӣ мекунад.

Писари аввали онҳо баъди хатми Донишкадаи исломӣ ва чанд соли устодӣ дар ин мадраса ба иллати камбуди маош аз мударрисӣ даст шуст ва феълан бо мошини шахсиаш таксиронӣ мекунад, ки албатта, даромади чандоне надорад.

Писари дуввуми онҳо бо вуҷуди хатми Донишгоҳи тиббӣ ва давраҳои омӯзиши пизишки хонавода дар Тоҷикистон кори муносибе пайдо накард ва феълан дар Маскав дар муҳоҷират ба сар мебарад. Писари севвуми онҳо дар бемористони Ҳисор кор мекунад, вале низ маоше намегирад, ки битавонад мустақилона хонаву дар кунад.

Салима Юлдошева мегӯяд, шавҳараш дар чунин шароит ночор шуд, ба хотири сохтани манзилҳои алоҳида ба фарзандонаш ва таъмини зиндагӣ дар сари пирӣ азми Яман кунад: “Медонед, чӣ? Мо баъди донишгоҳ дертар хонадор шудем. Вақте издивоҷ кардем, ӯ 28-сола буду ман 25 сол доштам. Аз ин рӯ, дер соҳиби фарзанд шудем. Онҳоро хонондему хонадор кардем, ки зиндагӣ вазнин шуд. Фарзандон ҳарчанд донишгоҳ тамом карданд, маоши хубе надоштанд. Баъд маслиҳат кард, ки рафта, ягон сол дар Яман кор кунам. Ин кас домулло буданд ва арабиро ҳам медонистанд. Ӯ барои 2 сол рафта буд, вале қарордодашро тамдид карданд ва инак, 4 сол боз кор мекунад. Дар ин муддат хона сохта, як фарзандамонро ҷудо кардем. Дуюмашро мехостем ҷудо кунем. Се келинро дар хона чӣ гуна нигоҳ медорӣ? Калонӣ алакай 3 кӯдак дорад, дуввумаш – 2 кӯдак. Сеюмаш ҳам соҳиби фарзанд шуд. Дар як ҳавлӣ мешавад магар?”

“ДИЛАМ БА ҚАБИЛАИ МАЪДАЛӢ МЕСӮЗАД”

Салима Юлдошева шукри раҳоии шавҳараш мекунад, вале бо вуҷуди 43 рӯзи асорати ӯ боз ҳам аз Қалъаи Ҳисор, аз зери 4000 километр дурӣ барои рӯзгори сахти аҳли қабилаи маъдалӣ дилсӯзӣ мекунад. Ба қабилае, ки шавҳарашро асир гирифта буд. Салима Юлдошева: “Дар ҳақиқат, як қабилаи сатҳи зиндагиаш хеле паст аст. Шавҳарам мегӯяд, ки дар ҷое ки ӯро бурдаанд, бечораҳо дар як ҳоли сахте зиндагӣ мекунанд. Охир давлат он қадар эътиборашон намедод. Барои ҳамин маро рабудаанд, мегуфт, ки давлат эътибор диҳад, то ки як дарди дилашонро ба давлат арз кунанд.”

Ҳомидҷон Овчибоев баъди 43 рӯзи асорат билохира аз ширкати русии “Техностройэкспорт” рухсатӣ гирифт ва рӯзи шанбе аз Атақ ба Санъо, пойтахти Яман, парвоз карда, аз онҷо озими Тоҷикистон хоҳад шуд. Пайвандонаш мегӯянд, дигар ӯро ба Яман нахоҳанд гузошт. Вале худи табиб тасмим дорад, баъди истироҳат ба Атақ баргардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG