Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегирад


Қонуни тоҷикии танзими расму оин дар Афғонистон низ ҳамгуни худро пайдо мекунад, вале бо бархе аз тафовутҳо.

Дар Афғонистон тарҳи қонуне омода шудааст, ки бояд ҷашнҳои арӯсиро ба низом орад ва аз мардуми Афғонистон риояи меъёрҳои шариат ва пӯшидани либоси хоксорона дар тӯю маъракаҳоро тақозо кунад.

Тарҳи пешниҳодӣ як нороҳатиеро дар Кобул ба вуҷуд овардааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки бо баррасии ин тарҳ мақомот мехоҳанд, дастурҳои замони Толибонро дубора зинда кунанд.



“Мавзӯи либос як мавзӯи хусусист ва дахолат кардан ба масъалаҳои шахсии як нафар, ба назари ман, ин мудохила дар мавзӯи хонаводагии як шахс мешавад. Ман мухолифи назорат дар ин мавзӯям. Дар мавзӯъҳои шахсии як нафар, дар мавзӯъҳои хонаводагии як нафар, ин аслан имкон надорад,” -- мегӯяд Абдул Самии Шафӣ як хатмкунандаи ҷавони риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобул.

ҲАДАФ -- ТӮЙҲОИ СЕРХАРҶ?


Аз нигоҳи аввал ин тарҳ чандон даъвоӣ ба назар намерасад ва Вазорати адлияи Афғонистон низ гуфтааст, ҳадаф ҷилавгирӣ аз тӯйҳои серхарҷу сабқатзо аст, ки издивоҷро барои мардуми бебизоат дастнорас мекунад. Ҳоло дар Афғонистон бисёре аз мардум баъди тӯю тамошо қарздор мемонанд.

Аммо таъсиси Кумитаи назорати тӯйҳо, ки тарҳи ҷадид пешниҳод кардааст мардумро ба ёди даврони Толибон бурд, ки зиндагии мардумро маҳдуд ва рақсу сурудро мамнӯъ эълон карданд.


Кумитаи пешниҳодӣ низ бояд бубинад, ки занҳо дар тӯйхонаҳо либоси хоксорона бипӯшанд ва бо мардҳо дар як ҳуҷра ба ҳам наоянд. Ин дуруст мебарад бар сари ҳадафи аслӣ, ки ҷавонҳои афғон чӣ қадар озодӣ доранд ва фаротар аз ин, ба масъалаи таъсири рӯзафзуни фарҳанги ғарбӣ ба ҷомеаи модерни Афғонистон.

ҶАШНҲОИ "ҲОЛЛИВУДӢ"


Толорҳои тӯёна аз рӯшантарин рамзҳои фарҳанги ғарбӣ дар Афғонистон аст, ки инкори он имкон надорад. Ҳоло биноҳои шишагиву сементӣ, бо шеваву номҳои ғарбӣ ҳамчун муҷассамаи Афғонистони баъд аз Толибон дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар қад афрохтаанд.

Баъзеи ин толорҳо, ба мисли толори “Шоми Париж” 1200 ҷой ва якшаба иҷораи он ҳазорҳо доллар қиммат дорад. Бар ивази ин қиммати гарон хонаводаи домод хилватгоҳеро ба даст меорад, ки дар он меҳмонон, чун дар хонаи худ эҳсоси озодӣ мекунанд.

Ин озодӣ пӯшидани либосҳои аврупоӣ ва шикастани баъзе дастурҳои сангин, аз қабили манъи мусиқири дар назар дорад ва рақсу мусиқӣ дар толрҳои мардонаву занон ҷараён мегирад. Дар толори занона арӯс бо либосҳои “Ҳолливудӣ” ва китфҳои боз зуҳур мекунад.

Бо назардошти андоза ва ҳазинаи ин гуна тӯйҳо, эҳтимолан баъзе меҳмонҳо аз қарори Вазорати адлия истиқбол кунанд.

Тарҳи қонуни ҷадид, ки ҳоло дар баррасии президент Карзай қарор дорад, теъдоди меҳмононро то 300 ва харҷи маблағ барои ҳар меҳмонро то панҷ доллар маҳдуд мекунад.

БОЗГАШТ БА ЗАМОНИ ТОЛИБОН?


Аммо пешниҳоди Вазорати адлия оид ба ворид намудани намояндагони Вазорати умури дин ба Кумитаи назорати тӯйҳо суолеро ба миён меорад, ки ҳадаф танҳо ҳифзи ҳазинаҳои мардум аст ё ин қонун дурнамои дигаре ҳам дорад?



Ҳабиба Дониш, як узви ҷавони парлумони Афғонистон мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба ин тарҳ овоз намедиҳад, зеро ин қонун ба манфиати муллоҳо хоҳад буд.

Дар замони ҳукмронии Толибон полиси ахлоқӣ мардҳоеро, ки риши кӯтоҳ доштанд ва занҳоеро, ки бе шавҳар ё бародар ба кӯча мебаромаданд лату кӯб ва боздошт мекарданд.

Баъзе аз интиқодгарони Вазорати адлия бовар доранд, ки тарҳи қонуни ҷадид талоши хушнуд кардани Толибон аст, ки ҳукумат мехоҳад, бо онҳо сулҳу оштӣ кунад.

Маҳдудият дар баргузории тӯйҳо танҳо як бахши қонуни нав аст, дар бандҳои дигари он аз фурӯшгоҳҳои либоси арӯсӣ талаб шудааст, ки куртаҳои аз ҳад бозро ба фурӯш набароранд.

Дӯкондороне, ки фурӯши “либосҳо номуносиб”- ро ба роҳ мондаанд, ҳатман ҷарима мешаванд ва дар сурати идомаи ингуна фаъолият дӯкони онҳо баста мешавад.
XS
SM
MD
LG