Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бразилия, Русия, Ҳинд ва Чин “дӯст”-и нав пайдо карданд


Ширкатдорони нишасти сарон дар Саня, 14-уми апрелди соли 2011.

Ширкатдорони нишасти сарон дар Саня, 14-уми апрелди соли 2011.

Дар нишасти солонаи кишварҳои гурӯҳи BRICS кӯшиш шуд, то нуфузи онҳо дар саҳнаи ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.

Раҳбарони Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва кишвари мизбони нишасти имсола Чин ин дафъа Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро ҳам ба мулоқот даъват намуда, ба номи созмон ҳарфи “S”-ро ҳамчун нишонии узвияти ин кишвар ҳамроҳ карданд.

BRICS ҷонибдори ислоҳот дар низоми ҷаҳонии пул ва Шӯрои Амнияти СММ буда, мухолифи истифодаи нерӯ дар Либия аст.

ТАЛОШ БА НУФУЗИ БЕШТАР


Дар нишасти солонаи панҷ кишвари босуръат тараққикунандаи олам, ки рӯзи панҷшанбе дар ҷазираи Ҳайнани Чин ифтитоҳ ёфт, кишварҳои
Мавқеи муштараки кишварҳои гурӯҳи BRICS ин аст, ки мушкил бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шавад, на ҳисоби истифодаи нерӯ...
довталаби нуфузи бештар дар арсаи байналмилалӣ даъват ба ислоҳоти низоми ҷаҳонии молӣ ва Шӯрои Амнияти СММ-ро дар миён гузоштанд.

Ҳамзамон кишварҳои узви гурӯҳи BRICS, яъне Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва узви нави он -- Африқои Ҷанубӣ ибрози нигаронӣ карданд, ки паймони НАТО дар амалиёти Либия аз нерӯ мегирад.

Сарфи назар аз гуногуншаклии сохти сиёсиву иқтисодии гурӯҳи BRICS президенти Чин, Ҳу Ҷинтао, раҳбари Африқои Ҷанубӣ, Ҷейкоб Зума, президенти Бразилия, хонум Дилма Русеф, раисҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ва сарвазири Ҳиндустон, Манмоҳан Сингҳ, саъй доранд, ба истилоҳ аз як гиребон сар бароранд, то нидои муштараки онҳо баландтар садо диҳад.

Дар поёни музокирот раҳбари Чин Чу Ҷинтао даъват кард, ки кишварҳои узви гурӯҳ муколаваммаву ҳамкориҳоро тавсеа бахшанд.

ҲАМА БО ҲАМ ЗИДДИ $

Дар изҳороти муштараки раҳбарони BRICS таъкид шуд, ки истифодаи бештари пулҳои кишварҳо ба ҳайси захираи байналмилалӣ ба назму суботи саросарӣ кумак мерасонад.

Онҳо бӯҳрони молии ҷаҳониро, ки дар он доллари амрикоӣ нақши асосӣ дорад, хотирнишон намудаанд.
Раҳбарони BRICS тақозо кардаанд, ки Шӯрои Амнияти СММ ҳам ислоҳотеро амалӣ намояд, то кишварҳои рӯ ба тараққӣ соҳиби нуфузи бештар шаванд.

ИСЛОҲОТ ДАР СММ


Дар ҳоли ҳозир фақат Чину Русия аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ ва дорои ҳаққи гузоштани вето рӯи қарорҳои он мебошанд. Се кишвари дигари BRICS дар паи дарёфти курсии доимии Шӯрои Амният ҳастанд.

Ҳангоми арзёбии қатъномаи Либия дар шӯрои Амният аз миёни панҷ узви гурӯҳи BRICS танҳо Африқои Ҷанубӣ ба тарафдорӣ аз истифодаи ба истилоҳ “тамоми имконот” овоз додааст.

Дар ин иртибот президенти Русия, Дмитрий Медведев мегӯяд: “Мавқеи муштараки кишварҳои гурӯҳи BRICS ин аст, ки мушкил бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шавад, на ҳисоби истифодаи нерӯ”.

Кишварҳои BRICS усулан мувофиқат карданд, ки қарзҳои байниҳамдигариро на бо доллари Амрико, балки бо пулҳои маҳаллии ҳамин кишварҳо тақдим намоянд.

Дар кишварҳои гурӯҳи BRICS 40 дар сади аҳолии олам ба сар мебарад ва баробар бо он 40 дар сади захираи пулии дунё низ дар ҳамин қаламрав мебошад. Аз ҷумла Чин 2 триллион доллар захира кардааст. Боназардошти касри буҷет ва қарзи ИМА аъзои BRICS аз он нигаронанд, ки сарнавишти дарозмуддати доллар ИМА чӣ хоҳад шуд.

Аммо дар дохили ин гурӯҳ низ нигаронӣ аз каср дар тиҷорат бо Чин эҳсос мешавад. Бразилияву Ҳиндустон мегӯянд, ки қурби довталабона паст намудаи юан ба Чин шароити хуби содирот фароҳам овардааст.

Раҳбарони BRICS бовар доранд, ки сарфи назар аз мушкилиҳои феълӣ ӣҷаҳон ба тадриӣ хасороти бӯҳрони саросарии соли 2008-умро пушти сар мекунад.

Дар ин бора президенти Чин Ҳу Ҷинтао мегӯяд:
“Рӯзҳои ахир мо шоҳиди нооромиҳои сиёсӣ ва ҳатто бархӯрдҳои низомӣ дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо шудаем, ки ба назму суботи минтақа таъсир мерасонанд. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки сулҳи давомдор ва рушди саросарӣ ба муддате муайяне эҳтиёҷ хоҳад дошт.“

Соли гузашта Сандуқи байналмилалии пул ба нишони эътирофи мақоми рӯзафзуни гурӯҳи BRICS ҳаққи онҳоро дар овоздиҳии ин муассисаи байналмилалии молӣ бештар намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG