Пайвандҳои дастрасӣ

Расмуссен: "Ҳар қадар лозим шавад, НАТО амалиёти Либияро идома хоҳад дод"


Андерс Фог Расмуссен, Берлин, 14 апрели соли 2011

Андерс Фог Расмуссен, Берлин, 14 апрели соли 2011

Имрӯз раҳбари НАТО Андерс Фог Расмуссен ӯҳдадор шуд, ки ин эътилофи низомӣ рисолати худро дар Либия «ҳар қадар лозим шуд, идома хоҳад дод». Изҳороти Расмуссен дар поёни нишасти вазирони хориҷаи НАТО дар Берлин дар шароити мутафовит будани дидгоҳҳои аъзои ин созмон ба стретагияи Либия садо дод.

«Мо ӯҳдадор ҳастем, ки ҳама захираҳои зарурӣ ва нармпазирии ҳадди аксари амалиро дар чаҳорчӯби оинномаи худ ба кор барем. Алайҳи ҳадафҳои машрӯъ суръати ҳар қадар баланде, ки лозим бошад, ба кор бурда мешавад».


Айни замон, Расмуссен гуфт, ки эътилоф барои роҳандозии ҳамлаҳои заминӣ ба ҳавопаймоҳои бештар ниёз дорад. Дар Либия аз 28 узви НАТО танҳо шаш кишвар – Фаронса, Бритониё, Канада, Дания, Норвегия ва Белгия машғули ҳамлаҳои ҳавоӣ мебошанд. Бритониёву Фаронса хостори иштироки кишварҳои бештар дар амалиёти зидди режими Муаммар Қаззофӣ шуданд.


Дар ҳамин ҳол, баъди се ҳафтаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамоно тавозуни нирӯву қудрат ба фоидаи шӯришиён набуда пеши роҳи артиши Қаззофӣ ҳам дар анҷоми ҳамлаҳои болои мардуми осоишта гирифта нашудааст. Шӯришиён ҳушдор медиҳанд, ки дар шаҳри ғарбии Мисрота, ки нирӯҳои Қаззофӣ он ҷо аз мушакандозҳо истифода мекунанд, эҳтимоли шурӯи қатлҳои дастаҷамъӣ вуҷуд дорад. Имрӯз дар ин ҷо дасти кам 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG