Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Милибанд дар бораи хатми бӯҳрони Афғонистон


Дэвид Милибанд, вазири пешини умури хориҷии Бритониё

Дэвид Милибанд, вазири пешини умури хориҷии Бритониё

Вазири пешини корҳои хориҷии Бритониё хост, ки барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон талоши бештар ба харҷ дода шавад.

Ҷаноби Милибанд мегӯяд, Ғарб бояд ба ҳалли ҳамаҷонибаи бӯҳрони Афғонистон бикӯшад.
Милибанд:
Ҳоло “бозӣ” ба поён нарасидааст. Ба назари ман, поёни “бозӣ” танҳо замоне фаро мерасад, ки барои ҳалли муноқиша бо ҳамаи ҷонибҳои Афғонистон ва бо ҳамаи ҳамсоягони он музокира анҷом бигирад...


Ҳалле, ки ба гуфтаи ӯ, ба гурӯҳҳои афғон, ба шумули Толибон, имкон диҳад, то дар сарнавишти ояндаи Афғонистон саҳми худро дошта бошанд ва чунин роҳи ҳал бояд манофеи кишварҳои минтақаро низ дар назар бигирад.

Милибанд моҳи майи соли гузашта пас аз бохти муҳофизакорон дар интихобот аз мақоми вазири корҳои хориҷии Бритониё канор рафт ва ҳоло барои ҳимоят аз миёнҷигариҳои Созмони Милали Муттаҳид ба хотири қатъи ҷанг дар Афғонистон мехоҳад талош ба харҷ диҳад.

"БОЗӢ" КАЙ БА ПОЁН МЕРАСАД?

Ба гуфтаи ӯ, давлати Барак Обама омодагии худро барои пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрон изҳор доштааст, вале бояд корҳои бештаре анҷом бигирад.

Вай дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо "Озодӣ" дар ин бора чунин гуфт: "Аммо бовар дорам, ки мо баррасии масъалаи Афғонистонро аз чаҳорчӯбаи ҳалли сиёсӣ бояд берун бикашем ва ҳамаи гурӯҳҳои шӯришӣ ва марбутаро ба он ҷалб созем. НАТО соли 2014-ро соли хатми амалиёти нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ дар саросари Афғонистон эълон кардааст. Вале ҳоло “бозӣ” ба поён нарасидааст. Ба назари ман, поёни “бозӣ” танҳо замоне фаро мерасад, ки барои ҳалли муноқиша бо ҳамаи ҷонибҳои Афғонистон ва бо ҳамаи ҳамсоягони он музокира анҷом бигирад. Ин ҳалли дохилӣ ва хориҷӣ хоҳад буд. Ин чаҳорчӯбаи сиёсӣ танҳо роҳи қатъи муноқиша аст.”

"МИЁНҶӢ БОЯД АЗ ҶАҲОНИ ИСЛОМ БОШАД"

Сиёсатмадори бритониёӣ афзуд, "мехоҳам, ки як нафар миёнҷӣ ё фароҳамсози СММ таъйин шавад. Ба фикри ман, чунин одам бояд намояндаи ҷаҳони ислом ва барои музокирот аз эътибори умумӣ бархӯрдор бошад ва он нуктаи зарурист. Чунин музокирот бояд ба истиқлоли Афғонистон, ба тамомияти арзии он ва ба Қонуни асосии он эҳтиром қоил бошад.”

Ҳамзамон Милибанд ба изҳороти ахири Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, ишора кард, ки гуфта буд, муноқишаи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

КИШВАРИ МАРКАЗГУРЕЗ


Вай дурустии ин изҳоротро таъйид кард, вале афзуд, маҳофили байналмилалӣ бояд ба музокироти сулҳ бештар бартарӣ диҳанд: "Фикри шахсии ман ин аст, ки чаҳорчӯбаи сиёсӣ бо талошҳои низомӣ ва талошҳои бозсозӣ маҳдуд намешавад. Чаҳорчӯбаи сиёсӣ ҳадафест барои ҳалли сиёсӣ ё ҳадафест, ки талошҳои низомиву шаҳрвандӣ ба хотири самар бахшидани он созмон дода мешавад. Барои он ки Афғонистон саранҷом бояд ба як ҷомеаи худгардон табдил ёбад. Ин ҷомеаро набояд ниҳодҳои расмии давлат ба навъе раҳбарӣ кунад, ки кишварҳои мо ташкил мекунанд. Афғонистон ҳеҷ гоҳ аз роҳи зӯрӣ аз марказ, яъне аз Кобул идора нашудааст. Ин як кишвари комилан марказгурез аст."

Милибанд созиш бо гурӯҳҳоро пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ба чунин гурӯҳҳо бояд Толибон ё дастикам, унсурҳое дохил шаванд, ки омодаанд бар иҷрои шартҳои тавофуқоти сулҳ назорат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG