Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ба оташбаси билофосилаи Либия даъват кард


14 апрели соли 2011
14 апрели соли 2011
Имрӯз Лигаи кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира ташкили ҷаласа карда ҳамроҳ бо дигар раҳбарони ҷаҳон роҳҳалҳои хатми бӯҳрони Либияро баррасӣ хоҳанд кард. Дар садри нишаст дабирони кулли СММ Бан Кӣ Мун ва Лигаи кишварҳои араб Амр Мӯсо қарор доранд. Ҳамчунин дар ин нишаст Кетрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Икмолиддин Эҳсоноғлу, раҳбари Созмони конфронси исломӣ ва раиси Комиссиюни иттиҳоди Африқо Жан Пин ширкат хоҳанд кард.

Дар суханронии худ дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба дарёфти роҳҳали сиёсӣ ва билофосилаи бӯҳрони Либия даъват кард:

“Мо даъвати худро барои оташбаси билофосилаву қобили эътимод, берункашии нирӯҳо, ҳимояи мардуми осоишта ва арҷгузорӣ ба эмбаргои аслиҳа, ки мутобиқи қатъномаҳои 1970 ва 1973-и Шӯрои амният тақозо шудааст, такрор мекунем”.

Нишасти Қоҳира як рӯз баъди ҷаласаи Гурӯҳи тамоси Либия дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG