Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё хоҳони “муҳоҷирати хуб, на оммавии” мардум аст


Нахуствазир Дейвид Кемерон гуфт, ки вай хоҳони дидани “муҳоҷирати хуб, на оммавии” мардум ба Бритониё аст. Дар суханронии нахустини бузурги худ дар бораи ин масъала соле баъд аз сари қудрат омаданаш, Кемерон гуфт, ки мизони муҳоҷират дар кишвар “хеле баланд ва тӯлонӣ” будааст:

“Дар Бритониё муҳоҷирон саҳми азиме доранд. Мо инро эътироф ва истиқбол мекунем. Вале ман ҳамчунин хеле рӯшан мехоҳам бирасонам, ки муддати зиёд аст, ки мизони муҳоҷират хеле баланд боқӣ мемонад”.

Вай гуфт, ки дар марҳилаи солҳои 1997 то 2009, 2,2 миллион нафар барои зиндагӣ ба Бритониё омаданд. Бо пуштибонӣ аз сиёсати эътилофи худ, ки иҷозаи вуруди танҳо шумори маҳдуди муҳоҷирони мутахассисро аз қаламрави фаротар аз Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод мекунад, Кемерон гуфт, сиёсати гузашта боиси эҷоди мушкилоти зиёд дар ҷамъиятҳои бисёр шуд ва ҳизбҳои тундравро рӯи кор овард.
XS
SM
MD
LG