Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари раҳбари Покистон ба Афғонистон


Исломобод, соли 2009

Исломобод, соли 2009

Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе барои дидору гуфтугӯ бо раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай ба Кобул сафар мекунад. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Покистон, нахуствазир ба Кобул бо даъвати Карзай парвоз хоҳад кард.

Равобити миёни ду кишвари ҳамсоя пурнатиш боқӣ мемонад, чун ҳарду ҷониб якдигарро дар бесуботсозии вазъи минтақа ва нотавонӣ дар муқобила бо ҷангиёни Толибон айбдор мекунанд. Покистон то ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 аз Толибон пуштибонӣ мекард, вале танҳо баъди фишори ғарб зидди ҷангиён муборизаро ба роҳ монд.
XS
SM
MD
LG