Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Дар амалиёти зидди Толибон 18 ҷангӣ кушта шуд


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки артиш ва нирӯҳои ниманизомии онҳо бо пуштибонии чархболҳои низомӣ маконҳои Толибонро дар минтақаи қабиланишини Моҳманд, воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон ҳадаф қарор доданд.

Як мақоми давлатӣ гуфт, ки дасти кам 18 ҷангӣ кушта ва 25 нафари дигари ҷароҳат бардоштанд. Дар ин охирҳо низомиёни покистонӣ амалиёти зидди ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоидаро дар вилояти марзии Кунар вусъат бахшиданд.

ИМА, ки мехоҳад дар моҳи июл нирӯҳояшро аз Афғонистон берун кашад, аз Покистон тақозо мекунад, ки муборизаро зидди шӯришиён қотеътар ба роҳ монад.
XS
SM
MD
LG