Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳии Михаил Горбачев дар Мюнхен бахубӣ анҷомид


Имрӯз дар шифохонаи шаҳри Мюнхени Олмон амалиёти ҷарроҳии тахтапушти раиси ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев анҷом шуд.

Дар изҳороти хаттии ҷарроҳ Майкл Майер гуфта шуд, ки амалиёт муваффақ анҷом шуда “муштарии мо хеле зуд барқарор мешавад ва ба ҳолати оддӣ бармегардад”.

Горбачеви 80-сола барои ин ҷарроҳии дусоата панҷ рӯз пеш ба шифохона хобида буд. Интизор аст, ки баъди чанд рӯз ӯро ҷавоб диҳанд.
XS
SM
MD
LG