Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамони ҷиноёти ҷангии Боснияву Ҳерсоговин дар ИМА боздошт шуданд


Расема Ҳанданович
Расема Ҳанданович
Як зан ва марде, ки дар ИМА боздошт шуданд, эҳтимолан дар ҷиноятҳои ҷангии Боснияву Ҳерсоговин дар солҳои 1992-1995 даст доштанд. Бо дархости ҳукумати Босния ин ду нафар боздошт шуда акнун бояд ба ватан истирдод шаванд.

Эдин Дзекои 39-сола, ки дар шимолуғарби Вашингтон ва Расема Ҳандановичи 38-сола, ки дар шимолу ғарби Орегон зиндагӣ мекунанд, рӯзи чоршанбе боздошт шуданд. Дар асноди додгоҳӣ гуфта мешавад, ки ин ду нафар аъзои артиши босинягии “Зулфиқор” буда, апрели соли 1993 ба деҳаи Трусина ҳамлае анҷом додаанд, ки дар натиҷаи он на камтар аз даҳ нафар хорватҳои мулкӣ ва зиндониҳои ҷангиӣ кушта, чаҳор мулкии дигар, аз ҷумла ду кӯдак захмӣ шуданд.

Бар тибқи гузоришҳо. Ҳанданович ба ИМА кӯчида соли 2002 ва Дзеко соли 2006 шаҳрванди ин кишвар шуданд.
XS
SM
MD
LG