Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон шурӯъ шуд


Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон
Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон
Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор ва писари собиқ додситони кули Тоҷикистонро шурӯъ кард.

Додситонӣ Бобохоновро дар асоси 10 модда ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мекунад.

Абдулхайр Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми муаррифии айбнома гуфт, ҷиноятҳои оқои Бобохонов ҳангоми муовини додситони ноҳияи Шоҳмансур ва додситони ноҳияи Ҳисор буданаш содир намудааст. Вай афзуд, бо истифода аз мақоми давлатӣ, зӯроварӣ ва қаллобӣ беш аз 100 ҳазор доллари амрикоиро аз афроди гуногун, аз ҷумла тоҷирон ситонидааст.

Ҳамчунин додситонӣ писари собиқ додситони куллро дар харидуфурӯши ғайриқонунии замин, аз ҷумла дар деҳаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор медонад. Ба иддаои додситонӣ, Бобохонов дар ҳамдастӣ бо ронандаи падараш, ки додситони кул буд, тариқи асноди ҷаълӣ бо заминфурӯшӣ машғул будааст.


Дар мурофиаи додгоҳии Файзулло Бобохонов, ки ба таври боз баргузор шуд, падараш — Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон низ ширкат дошт. Ӯ бо рӯзноманигорон сӯҳбат накард.
XS
SM
MD
LG