Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи НАТО вазъи Либияро баррасӣ хоҳанд кард


Раҳбарони Фаронсаву Бритониё
Раҳбарони Фаронсаву Бритониё
Нақши паймони низомии НАТО дар низоъҳои Либия бояд дар меҳвари нишасти вазирони хориҷаи ин созмон қарор гирад. Нишасте дар Берлин, пойтахти Олмон бо ҳузури 28 раҳбари сиёсати хориҷии кишварҳои узви НАТО ду рӯз идома хоҳад кард.

Интизор меравад, Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико дар ин нишасте, ки роҳи бурунрафт аз ҳолати бӯҳронии Либияро баррасӣ мекунад, иштирок кунад.

Дар остонаи нишасти НАТО, мақомоти фаронсавӣ гуфтанд, ки Фаронсаву Бритониё изҳори омодагӣ карданд, ки имрӯз талош хоҳанд кард ҳамтоёни худро барои ирсоли нирӯҳои бештар барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ болои нирӯҳои Қаззофӣ мутақоид созанд.
XS
SM
MD
LG