Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зидди Мулло Абдулло дар Нурободи Рашт


Имрӯз дар атрофи деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод дар водии Рашт амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло оғоз шуд.

Як манбаъ аз ситоди Мирзохӯҷа Аҳмадов бо таъйиди ин хабар ба “Озодӣ” гуфт, дар ин амалиёт нафароне аз ин гурӯҳ ҳам иштирок мекунанд. Айни замон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз таъйиди ин хабар, ки амалиёт зидди Мулло Абдулло равона шудааст, худдорӣ мекунанд ва танҳо мегӯянд, ки дар Нуробод тамриноти муштараки зиддитеррористӣ ҷараён дорад, ки то се-чаҳор рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.


Моҳи январи имсол амалиёти чандинмоҳаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Рашт бо нобудсозии гурӯҳи ба арҳбарии Алоуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ анҷом ёфт, ки ҳадафаш бесубот кардани вазъ дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Гурӯҳҳои Алоуддин Давлатов ва Абдулло Раҳимовро ҳукумат масъули куштори низомиёни вазорати дифоъ дар водии Камароб сентябри порсол мегӯянд.
XS
SM
MD
LG