Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пактиё мавриди ҳадафи бомбгузорони Толибон қарор гирифт


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки имрӯз минтақаи шарқии Пактиё мавриди ҳамлаи бомбгузорони маргталаб қарор гирифт.

Се нафар кушта шуданд. Назар ба хабарҳо аз ноҳияи Зозаи минтақаи Пактиё, ки ҳаммарз бо Покистон аст, ҳодиса дар маҳалли ҷойгиршавии тамрингоҳи полиси маҳаллӣ рух додааст: яке аз ҳамлагарон худро мунфаҷир карда яке дигар аз дасти нирӯҳои амниятӣ кушта шуд ва сеюмӣ аз маҳалли ҳодиса фирор кард.

Толибон масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG