Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия ва кишварҳои дигар нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҷамшед Узоқов, шаҳрванди Тоҷикистон, пас аз хатми синфи нӯҳум ба Русия рафта, буҷаи хонаводаашонро таъмин мекард.
Шерхон Салимзода: Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд...


Вай дар мактаб бо баҳои аъло мехонд, вале дасткӯтаҳии хонавода маҷбур намуд, то бори муҳоҷиратро кашад ва мисли садҳо ҷавони навхати дигари тоҷик аз марзи ватан берун равад.

Вале пас аз панҷ соли кор дар Русия, Ҷамшедро бо ҷурми таҷовуз ба номуси зане дар ин кишвар ба 11 сол равонаи зиндон карданд ва ҳоло як солу шаш моҳ аст, ки ӯ пушти панҷараи маҳбасхонаи Екатеринбург ба сар мебарад.



ҲАСРАТИ ПАДАР

Узоқ Ҷамилов, падари Ҷамшед, мегӯяд, писарашро бо "тӯҳмат" зиндонӣ кардаанд ва талошҳои ӯ дар Русия барои аз нав дида баромадани парвандаи писараш натиҷа надодааст. Вай мегӯяд, ҳоло ба унвонии раисҷумҳурони Русияву Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Додситони кулл нома навишта, хостори бознигарии парвандаи Ҷамшед шудааст.

Вай афзуд, "ба додгоҳе, ки ҳукми писарамро додааст, рафтам. Аммо дар санадҳо шоҳидон нестанд. Писарамро бегуноҳ ва бо тӯҳмат зиндонӣ кардаанд. Онҳо маро шунидан намехоҳанд. Ҳоло модараш хабар надорад, ки писари мо зиндонӣ аст. Мо ба ӯ гуфтем, ки Ҷамшед кор мекунад."

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳолатҳои зиндонӣ шудани шаҳрвандон, бахусус, ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия кам нест, вале исботи бегуноҳии онҳо низ ба осонӣ даст намедиҳад.

САЛИМЗОДА: ЗИНДОНИЁНРО БА КИШВАР МЕОРЕМ

Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти ин вазорат гуфт, дар мавриди қазияи Ҷамшед Узоқов, ки гӯиё бо "тӯҳмат" зиндонӣ шудааст, огоҳӣ доранд ва барои расидагӣ ба қазияи ӯ, ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия супориш ҳам дода шудааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, гуфт, ки бештари шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун 35 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои кишварҳои хориҷӣ ба ватан оварда шудаанд.

Ҷаноби Салимзода афзуд, "ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдор тамоми имкониятҳоро барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хеш истифода мебаранд. Мо маҳбусонеро, ки бо қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми грамм дар Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ зиндонӣ шудаанд, ба кишвар овардем. Пас аз тамом шудани навбати инҳо барои овардани онҳое тасмим мегирем, ки бо килограмм ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд."

ПИРӮЗИИ КАМНАЗИР

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ, мегӯяд, дар Русия ҷавонони тоҷик бештар қурбонии интиқоли маводи мухаддир мешаванд.

Ҷаноби Юсуфов аз намунаи бо тӯҳмат ба додгоҳ кашида шудани як ҷавони тоҷик дар Русия чунин қисса кард: "Далер ном ҷавонро дар Маскав бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба мӯҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Аммо ин ҷавон талош кард ва додгоҳи Маскавро ба Страсбург кашида, бегуноҳии худро исбот намуд. Ҳолатҳои тӯҳмат ҳам аст, аммо танҳо ҳимоятгари қавӣ лозим аст."

Дар додситонии кулли Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтанд, ки солҳои охир муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба ҳукми пайвандонашон дар Русия зиёд шудааст. Аммо онҳо мегӯянд, механизми расидагӣ ба парвандае, ки дар марзи кишвари дигар ҷиноят содир шудааст, мушкил мебошад.

ДАР ИН ЗАМИНА БИХОНЕД:

Пирӯзии тоҷике бар Русия дар Страсбург

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG