Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Бояд рӯшан кунем, ки нооромӣ ба нафъи кист"


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус

Александр Лукашенко гуфт, “мо бояд маълум кунем, ки эҷоди бесуботиву нооромӣ ба манфиати кӣ аст.”

Изҳороти Лукашенко ҳамзамон дар ҷомеа сару садоҳоеро ба вуҷуд овард, ки эҳтимолан бӯҳрони амниятӣ аз бештар ба нафъи худи раисҷумҳур аст, ки дар ростои чолишҳои ҷиддии иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор дорад.
Ин ҳодиса фурсатеро дар ихтиёри Лукашенко мегузорад, то нуфузи тими амнмиятии худро дубора боло бубарад ва мустаҳкам кунад...


Раисҷумҳури Беларус бо лаҳни шадид ба мушовирони амниятиаш чунин таъкид кард: “Бачаҳо, мехоҳам ба шумо бигӯям, ки моро ба чолиш кашидаанд ва бояд эътироф кунем, ки ин чолиши хеле ҷиддӣ аст. Посухи мусовӣ зарур ва ин посухро бояд пайдо кард.”

Лукашенко афзуд “мо бояд ошкор кунем, ки аз эҷоди нооромӣ кӣ манфиат мебардорад ва дар пушти ин ҳодиса кӣ истодааст. Аз эҳтимол дур намедонам, ки ин “ҳадя“ аз хориҷ расидааст. Вале бояд аз дохил низ бехабар набошем.”

БӮҲРОНИ АМНИЯТӢ

Бахши умдаи блогнависони беларусӣ дар ин мавзӯъ якдилии комил доранд. Ба гуфтаи блогнависҳо, оне, ки аз ин ҳодиса баҳра мебардорад худи президент аст, ки метавонад бӯҳрони амниятиро ҳамчун баҳонаи ҳамагуна тасмимгириҳои сиёсӣ истифода кунад.

Дар чанд ҳафтаи ахир ҳукумати Беларус аз бӯҳрони амиқи иқтисодӣ такон хӯрд ва барои ба эътидол овардани вазъ аз ҳукумати Русия се миллард доллар кӯмаки молӣ хост. Бӯҳрони амниятии ахир, ҳамчун дар гузашта метавонад барои саркӯб кардани мухолифин ва тавҷеҳи тадобири шадид истифода шавад.

Бозҷӯён вуҷуди 7 кило тратилро дар ин таркиш таъйид карданд ва ҳамчунин гуфтанд, ки инфиҷор бо истифода аз дастгоҳи контрол ва хеле ҳирфаӣ анҷом шудааст.

ТЕРРОРИСТҲОИ ИСЛОМӢ

Владимир Лутсенко, сарҳанги хадамоти амниятии Русия, мутмаин аст, ки таркишро террористҳои исломӣ анҷом додаанд. Ӯ мегӯяд, ин терористҳои исломианд, ки мардуми мулкиро ҳадаф қарор медиҳанд.

"Вақте занону кӯдакони бегуноҳ дар кӯчаи як шаҳри ором қурбон мешаванд, ҳама аз ин такон мехӯранд. Террористҳо инро дар ҳама ҷо истифода мекунанд. Онҳо масоҷидро дар Ироқу Покистон метарконанд. Онҳо хонаву биноҳоро дар Маскав метарконанд, онҳо биноҳои осмонхарошро дар Амрико мунфаҷир мекунанд”,-афзуд ӯ.

Лутсенко ин овозаҳоро, ки гӯиё тарикшро мақомоти Беларус ва ё мухолифини начандон нерӯманди онҳо таҳия карда бошанд, «аблаҳона» унвон кард. Ӯ афзуд, ҳамин гуна овозаҳо дар вақти таркишҳои Маскав низ вуҷуд доштанд, ки Хадамоти амниятии Русияро дастандаркори ин амалҳо мехонданд.

ТАЪРИХИ ТАРКИШҲО
Дар робита бо таркиши ахир пулиси Беларус якчанд нафарро боздошт кардаанд ва ҳамзамон сухангӯи пулис Алекандр Ластовский аз матбуот даъват кард, ки бо пахши ҳама гуна “овозаҳои аблаҳона” ҷомеаро ба ҳарос наоранд..


Аз сӯи дигар ҷаноби Лутсенко дар ҳоле ангушти иттиҳомро ба сӯи гурӯҳҳои исломӣ баланд кардааст, ки Беларус ҳеҷ таърихе аз террористҳои исломӣ надорад ва сару кор бо онҳоро низ ҳеҷ гоҳ таҷруба накардааст.

Соли 2004 дар пайи як инфиҷор дар Витебск 40 нафар захмӣ шуд. Масъулияти ин амалро гурӯҳи ношиноси мухолиф ба Лукашенко бар дӯш гирифт, аммо касе ба додгоҳ кашида нашуд.

Моҳи июли соли 2008 як таркиши дигар дар консерти бахшида ба рӯзи истиқлолият бо ҳузури Лукашенко, 50 нафарро маҷрӯҳ кард. Аммо бо вуҷуди ҷалб шудани бозҷӯёни пуртаҷрибаи ҳирфаӣ сарриштаи ин таркиш низ пайдо нашуд.

"ОВОЗАҲОИ АБЛАҲОНА"

Дар робита бо таркиши ахир пулиси Беларус якчанд нафарроо боздошт кардааст ва ҳамзамон сухангӯи пулис Алекандр Ластовский аз матбуот даъват кард, ки бо пахши ҳама гуна “овозаҳои аблаҳона” ҷомеаро ба ҳарос наоранд.

Матбуоти давлатӣ ҳодисаро ба таври фарогир пӯшиш дод ва бештар ба саҳнаҳои ҳамдиливу ҳамдардии мардум такя кард ва пораҳоеро нишон дод, ки дар он мардум ба ҳамдигар кӯмак мекарданд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, бӯҳрони амниятӣ ба бознигарии муҷаддади доираҳои бонуфуз дар дохили элитаи ҳукмрон роҳ мекушояд ва ба ҳукумат имкон медиҳад, ки норозигиҳои пас аз интихоботи моҳи декабр ё изтиробҳои иқтисодиро аз байн бубарад. Ин ҳодиса, мисле ки дар соли 2008 рух дода буд, фурсатеро дар ихтиёри Лукашенко мегузорад, то нуфузи тими амнмиятии худро дубора боло бубарад ва мустаҳкам кунад.
XS
SM
MD
LG