Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Тоҷикистон ба маблағи 45 миллион доллар кӯмаки билоиваз кардааст.

Ин маблағ барои иҷрои ду барнома, додани маош ё ҳуқуқи бознишастагӣ тавассути кортҳои пластикии бонкӣ ва ислоҳи барномаи имтиёздиҳӣ ба мардуми камбизоат барои пардохти маблағи барқу газ ва таҳсил, ки даҳ ҳазор хонаводаро фаро мегирад, масраф хоҳад шуд.
Имрӯз масъулони давлатӣ мавзӯи афзоиши мизони қарзи берунӣ ва паёмадҳои онро нодида мегиранд, аммо ин барои насли оянда метавонад мушкили ҷиддиеро ба бор оварад...


Татяна Естифеева, масъули умури расонаии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Душанбе, дар гуфтугӯ бо "Озодӣ" аз тафсири ин кӯмаки 45 миллион долларӣ дар мавриди масрафи он аз сӯи давлат ва контроли он тавассути ин бонк худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки БОР ба далели зиёд будани қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз додани қарз ба ин ҷумҳурӣ даст кашидааст. Ҷоҷӣ Токешӣ, намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон мақомоти ин ҷумҳуриро огоҳ кардааст, ки дар гирифтани қарз андеша кунанд.

"БА УМЕДИ АЛЮМИНИЮМ ВА ПАХТА НАБОШЕД"

Зеро ба таъкиди вай бо ду колои содиротӣ - алюминиюм ва нахи панба ё пахта наметавон қарзи бештаре гирифт. Ҷаноби Токешӣ қарзи хориҷии Тоҷикистонро ҳудуди 2 миллиард доллар ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти нохолиси ин кишварро беш аз 4 миллиард доллар гуфтааст. Дар муқоисаи ин ду рақам қарзи берунии Тоҷикистон 50 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти нохолиси дохилиро ташкил мекунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ба гуфтаи профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтиссоддони тоҷик, ки ин мавзӯъро унвонии Вазорати молия матраҳ кардааст, ҳаҷми қарз барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад, вале вазорати молия дар ин замина эҳсоси нигаронӣ намекунад.

Ҷаноби Умаров афзуд, "дар номае, ки Вазорати молия ба унвони сӯҳбати ман дар ин бора ирсол кардааст, гуфтааст, ки то 60 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти нохолиси дохилӣ расидани қарзи берунӣ хатар надорад ва аз 60 дарсад, ки гузашт, хатар хоҳад буд."

ЧИН ДАР ҶОИ АВВАЛ


Ин дар ҳолест, ки Вазорати молияи Тоҷикистон дар вақти тасдиқи буҷаи соли 2011 дар парлумон ҳадди хатарнокии қарзи хориҷиро 35-40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти нохолиси дохилӣ хонда буд. Зеро бархе аз намояндаҳои мардумӣ дар парлумон аз зиёдии ин қарз изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ба гуфтаи профессор Умаров, бахши аъзами қарзҳои берунии Тоҷикистон аз Чин ҳастанд ва дуруст аст, ки мӯҳлати баргардонидани ин қарзҳо то 20 сол аст. Вале тавони баргардонидани ҳукумати Тоҷикистон дар сол ҳудуди 50 миллион ва аз ин ҳам камтар аст. Бо ин вуҷуд бояд ин қарзҳо баргардонида шаванд.



Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров меъёри қарзгирӣ барои ҳама кишварҳо як хел нест ва ҳар кишвар бояд риск ва тавони қарзбаргардонии худро муайян кунад. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Умаров, Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи улуми Русия барои кишварҳои амсоли Тоҷикистон ин меъёрро 25 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти нохолиси дохилӣ таъйин кардааст.

НАЗАРИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ

Аммо Фирдавс Усмонов, сардори сарраёсати қарзҳои давлатии Вазорати молия дар сӯҳбат ба “Озодӣ” дар ин робита гуфт, "мо стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ дорем. Дар он қайд шудааст, ки сатҳи қарзи берунаи Тоҷикистон дар ҳудуди 40 дар сади ҳаҷми мамӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шавад. Лекин ба ҳолати якуми январи соли 2011 ҳамин меъёр 34,4 дар сад буд. Мутобиқи дурнамо Вазорати молия дар ояндаи наздик низ ҳамин меъёр нигаҳ дошта мешавад."

Бо ин ҳам бархе аз таҳлилгарони дохилӣ ва хориҷӣ дар ин бора назари дигар доранд ва сиёсати қарзии давлати Тоҷикистонро ношаффоф хондаанд. Ин аст, ки ин таҳлилгарон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул давъат кардаанд, то дар ин замина сӯҳбати мизи гирдеро ташкил кунанд.

Нигаронии амиқи таҳлилгарон ин аст, бо он ки имрӯз масъулони давлатӣ мавзӯи афзоиши мизони қарзи берунӣ ва паёмадҳои онро нодида мегиранд, аммо ин барои насли оянда метавонад мушкили ҷиддиеро ба бор оварад. Зеро пас аз 20-30 соле, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои берунӣ аст, он замон шояд ин масъулон дар сари мансаб набошанд ва масъулияти бозпас гардондани маблағҳо ба насли оянда вогузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG