Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи тамос гуфт, "Қаззофӣ бояд биравад."


Раҳбарони теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон аз Муаммар Қаззофӣ хостанд, то аз сари қудрат биравад.

Дар нишасти гурӯҳи байналмилалии "тамос", гуфта шуд, ки Муаммар Қаззофӣ ва режими ӯ машрӯъияти худро аз даст додаанд.
Намояндагони шӯришиёни Либия дар нишасти гурӯҳи тамос гуфтанд, ки онҳо интизори кӯмаки бештари НАТО ҳастанд ва афзуданд, ки НАТО бояд ҳамлаҳо алайҳи тӯпхонаву силоҳҳои вазнини нерӯҳои Қаззофиро шиддат бахшад...


Дар нахустин нишасти худ, “гурӯҳи тамос”, ки ба он 16 кишвари Ховари Миёна, Аврупо, Созмони Милал, Иттиҳодияи Африқо ва Иттиҳодияи Араб шомиланд, бо як баёнияи сахте аз Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия хост, то нерӯҳояш ҳамла ба ғайринизомиёнро хотима бахшад.

Намояндагони ин гурӯҳ, ки ду ҳафта пеш дар як нишасте дар шаҳри Лондон таъсис шуд, гуфтанд, механизми кӯмак ба шӯришиён дар Либияро дуруст мекунанд, ки барои хотима додан ба ҳукумати 42-солаи Қаззофӣ меҷанганд ва манотиқи шарқии кишварро таҳти назорат доранд.

МАЪЮСИИ БРИТОНИЁ ВА ФАРОНСА

Онҳо ҳамчунин хостори ҳалли муноқиша аз роҳи мусолиматомез аз сӯи мардуми Либия шуданд. Аммо дар робита ба шеваи аз қудрат дур кардани Муаммар Қаззофӣ дар миёни кишварҳои узви НАТО ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Бритониё ва Фаронса мехоҳанд, ин паймон дар амалиётҳои ҳавоӣ алайҳи силоҳҳои сангин ва тӯпхонаҳои нерӯҳои Қаззофӣ нақши бештар дошта бошад ва ҳам мехоҳанд, то шӯришиёни Либия мусаллаҳ карда шаванд. Ин ду кишвар аз он маъюс шудаанд, ки амалиёти ҳавоии НАТО, на шӯришиёнро дар ин ҷанг дастболо кард ва на ба ҳамлаҳои харобиовари нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳри муҳосирашудаи Мисрата хотима дод.

Пас аз он ки Амрико ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Либия хотима дод ва нақши худро дар ин амалиёт камтар кард, ҳоло танҳо нерӯҳои ҳавоии Бритониё ва Фаронса аксаран ба нерӯҳои Қаззофӣ ҳамла мекунанд. Кишварҳои дигари узви НАТО аз ин амалиёт фосила гирифтаанд ва танҳо фазои парвоз мамнӯъ дар Либияро назорат мекунанд.



"БА ҒАЙРИНИЗОМИЁН КӮМАК МЕКУНЕМ"

Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса, аз НАТО интиқод кард, ки натавонистааст ба бомбборони шаҳри Мисрата хотима диҳад, ки гуфта мешавад, тайи шаш ҳафтаи муҳосира дар ин шаҳр садҳо ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 13-уми апрел, телевизиони Либия гуфт, нерӯҳои НАТО хиёбони аслии Мисратаро бомбор кардаанд, ки қурбониҳое дар пай доштааст, аммо ҳеҷ ҷузъиёте надод. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё рӯзи гузашта аз аъзои дигари НАТО хост, ба амалиёт алайҳи нерӯҳои заминии Қаззофӣ бипайванданд.

Ӯ гуфт кишвараш бо шеваҳои дигар ба мухолифон дар Либия кӯмак мекунад: "Бритониё ба мухолифони дар Либия кӯмак, аз ҷумла кӯмакҳои моддӣ мекунад. Мо ба онҳо таҷҳизоти ғайринизомӣ медиҳем ва то кунун ба мухолифони ҳукумати Либия васоили мухобиротӣ додаем. Мо ба онҳо ин васоилро расонидем ва муҳимоти дигари ғайринизомӣ ҳаст, ки дар ихтиёри онҳо қарор хоҳем дод."

ИХТИЛОФИ НАЗАРҲО


Намояндагони шӯришиёни Либия дар нишасти гурӯҳи тамос гуфтанд, онҳо интизори кӯмаки бештари НАТО ҳастанд ва афзуданд, ки ин созмони низомӣ бояд ҳамлаҳо алайҳи тӯпхонаву силоҳҳои вазнини нерӯҳои Қаззофиро шиддат бахшад.

Ихтилофи назар дар ин масъала дар миёни аъзои НАТО дар нишаст низ возеҳ шуд. Стивен Ванакере, вазири умури хориҷии Белжик ё Белгия гуфт, қатъномаи СММ аз 17-уми март, ки ба НАТО иҷоза додааст, ғайринизомиёни Либияро аз нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ дифоъ кунад, мусаллаҳ кардани мардуми осоиштаро иҷоза намедиҳад. Вай афзуд, ӯ ҳеҷ зарурате ба тақвияти ҳамлаҳои ҳавоӣ намебинад.

"СИЛОҲҲОИ СОДДА"

Аммо Франко Фраттинӣ, вазири умури хориҷии Итолиё аз НАТО хост, бояд ба ғайринизомиён кӯмаки бештар кунад, то тавонанд аз худ дифоъ намоянд: "Аз он ҷо, ки тактикаи Қаззофӣ ҳамла ба ғайринизомиён аст, бояд онҳоро муҳофизат кунем. Аммо аз он ҷо ки мо наметавонем ба кӯчаҳо, ба майдонҳо, ба маҳалҳои маскунӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ кунем, бояд имкон фароҳам намоем, ки мардум худашон худро муҳофизат кунанд. Дар акси ҳол, бояд аз вазифаи худ барои муҳофизати мардуми Либия даст кашем."

Як сухангӯи Шӯрои миллии мувақаттии шӯришиёни Либия, дар нишасти шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар гуфт, эътилофи байналмилалӣ масъалаи таъмини силоҳро баррасӣ мекунад, ки ба гуфтаи ӯ бояд ба сарбозоне дода шавад, ки артиши Қаззофиро тарк кардаанд. Ӯ гуфт, шӯришиёни Либия танҳо “силоҳҳои соддае” доранд, ки аз нерӯҳои ҳукуматӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG