Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи як ҳалқаи харобкорони интернетӣ дар Амрико


Мақомоти Амрико мегӯянд, як шабакаи бузурги компютерҳои олуда ба вирусро хунсо кардаанд, ки ҷинояткорони интернетӣ аз тариқи онҳо иттилоъоти муҳими молии мардумро медуздиданд. Вазорати адлия ва Бюрои федеролии пажӯҳишии Амрико ва ё Эф Би Ай гуфтанд, ботнети мавсум ба Корфлад, зоҳиран даҳ сол фаъол буда ва 2 миллион комютер дар саросари ҷаҳонро ба вирус олуда кардааст. Ботнет шабакаи компютериест, ки аз тариқи он як нафар метавонад, аз тариқи комютери комилан фарди бегона ба шабакаҳои дигар ҳамла кунад ва ё амалиёт анҷом диҳад. Сенздаҳ нафар бо иттиҳоми даст доштан ба ин навъи ҷиноят, аз ҷумла дуздӣ, тақаллуби молӣ муттаҳам шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG