Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният бомбгузорӣ дар Минскро маҳкум кард


Хати метрое, ки бомбгузорӣ дар он сурат гирифт

Хати метрое, ки бомбгузорӣ дар он сурат гирифт

Шӯрои Амнияти Созмони Милал, бо “ҳамлаи зоҳиран террористӣ” хондани бомбгузорӣ дар метрои пойтахти Ҷумҳурии Белорус, ин ҳамларо маҳкум кард. Дар бомбгузории шоми рӯзи душанбе дар метрои Минск 12 нафар кушта ва 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузоришҳо, калимаи “зоҳириро” ба он хотир дар баёния изофа кардаанд, ки баъзе аз аъзои Шӯрои Амният доир ба омилони ҳамла шубҳа доштаанд. Дар баёнияи 15 узви Шӯрои Амният омадааст, шӯро “ҳамлаи зоҳиран терористӣ дар Белорусро бо шадидтарин лаҳни мумкин маҳкум мекунад.“ Мақомоти Ҷумҳурии Белорус гуфтанд, бомбгузори мазнун ва ду шарики ӯ боздошт шуда ва гуноҳи худро эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG