Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ширкаташ дар интихоботро истисно накард


Сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз гуфт, ширкаташ дар интихоботи соли ояндаи раёсати ин ҷумҳуриро истисно намекунад. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, тасмимашро барои ширкат дар ин сабқат ба зудӣ эълон хоҳад кард. Путин гуфтааст, бар асоси “воқеъиятҳои вазъияти пеш аз интихобот” на ӯ ва на Медведев эҳтимоли рафтани ҳардуро ба ин сабқат “сарфи назар” намекунанд. Аммо эълони дирӯзаи Медведев, ки имрӯз нашр шуд, қавитарин аломати азми ӯ барои боқӣ мондан дар мақоми аввал дар Кремл арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG