Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Файзобод: "Рақибов ба ҳабс гирифта шавад”


Бар асоси ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Файзобод, Атовулло Рақибов ба ҳабс гирифта мешавад.

Шариф Рақибов, бародари Атовулло Рақибов, дар сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, ки ҳалномаи додгоҳ тавассути Моҳбӣ Қурбонова, додраси ин додгоҳ қироат шуд, ки дар он омадааст. “Атовулло Рақибов тибқи моддаи 289-ум барои эҷоди монеа дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ ва саркашӣ дар додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад”.

Ба гуфтаи Шариф, ба ҳангоми қироати ҳалнома танҳо вай ва хоҳари бузургаш Моҳикалон Рақибова, ки рӯзи гузашта тавассути маъмурони пулис аз зодгоҳаш рустои Заркамари ҷамоати Мискинобод ба додгоҳ оварда шуд, ҳузур доштанд.



Аммо Атовулло Рақибов, ба сабаби бемории хонумаш Гулрӯ Ибодова, дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе, дар мурофиаи додгоҳ ширкат накардааст.

Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба қазия бетарафона бархӯрд накардааст.
XS
SM
MD
LG