Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҷадид дар Сурия


Бино ба хабарҳо, имрӯз ҳудуди 500 донишҷӯ дар Ҳалаб, дуввумин шаҳри бузурги Сурия, тазоҳурот кардаанд. Ин нахустин эътироз дар Ҳалаб аз замони шурӯъи раҳпаймоиҳо алайҳи давлати Башор Асад дар миёнаҳои моҳи март аст.
Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои амниятӣ бо донишҷӯён дар хобгоҳи риштаи адабиёти донишгоҳи Ҳалаб даргир шуда, пулис дар пайи иҷборан пароканда кардани тазоҳурот дастикам 4 донишҷӯро боздошт кардааст.
Шоҳидон мегӯянд, ҳазорон зану кӯдак имрӯз парчамҳои сафед ва навдаҳои зайтун дар даст як шоҳроҳи бузурги соҳилиро дар Сурия банд кардаанд. Чанд рӯз боз садҳо нафар дар Байдаву Байтҷинад низ раҳпаймоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG