Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баҳси Либия дар нишасти Доҳа


Имрӯз дар Доҳа , пойтахти Қатар , таҳти раёсати Қатару Бритониё ва дар ҳузури дабири кулли СММ Бан Ки Мун нишасти гурӯҳи байналмилалии тамос ба баҳси вазъи Либия шурӯъ кард. Мун аз ҷомиаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар қиболи Либия аз як гиребон сар бароранд. Дар ҳамоиши Доҳа намояндагони ҳудуди 40 кишвар ва созмони байналмилалӣ ҳузур доранд.
Намояндагони Шӯрои миллии гузариши чирикиҳои Либия аз НАТО хостанд, то ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи тонкҳову пойгоҳҳои мушакии Муаммар Қаззофиро тақвият диҳад.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ низ имрӯз дар Порис бо сарвазири Бритониё Девид Камерон вазъи Либияро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG